Маълумоти охирин

ФОТИҲА

ФОТИҲА (арабӣ — кушоиш, оғози чизе), 1) оғози китоб, сураи нахустини Қуръонро гӯянд. 2) ибтидои коре, дуои хаир, рухсат ва иҷозат.

koran-fotiha-kuron
Баробари муқаррар шудани аҳкоми дин ва интишори идеологияи ислом фотиҳахонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт ва маишати халқҳову кишварҳои мухталиф, урфу одат ва маросимҳои онҳо ворид гашт. Пеш аз ҳама, қироати фотиҳа дар намоз ҳатмӣ шуд. Инчунин дар мавридҳои аз сари дастархон хестан, ба сафар баромадан, ба кори хайре шурӯъ намудан, арвоҳи гузаштаро ёд кардан,рухсат ва иҷозат хостан ва ғайра хондаии фотиҳа зарур дониста мошавад. Дар чунин мавридҳо қироати суран фотиҳа шарт набуда, мафҳуми фотиҳа бештар маънои дуои нек додан ё гирифтанро ифода менамояд.
Фотиҳахониро рӯҳониён ба яке аз воситаҳои бойшавии худ табдил додаанд. Боқимондаҳои урфу одатҳои динӣ, аз ҷумла фотиҳаро дар байнн диндорон ҳоло ҳам мушоҳида намудан мумкин аст. Ба ҳаёт ҷорӣ шудани анъана ва маросимҳои нави советӣ барои барҳам хӯрдани фотиҳа бо тамоми шаклҳои зуҳуроташ заминаҳои муооид фароҳам месозад.
С. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …