Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОНДИ ЗАМИНИ СССР

ФОНДИ ЗАМИНИ СССР

ФОНДИ ЗАМИНИ СССР, тамоми замине, ки дар доиран сарҳади давлатии СССР мавҷуд аст. Замин дар СССР моликияти давлатӣ ва сарвати умумихалқист. Ҳамаи заминҳои СССР фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳаид. Ин имкон медиҳад, ки замин оқилона, аз рӯи план ба манфиати тамоми ҷамъият истифода шавад. Давлат таъиноти ҳар як қитъаи замин ва тартиби истифодаи онро муқаррар намуда, барои истифодаи бепул медиҳад.
СССР аз ҷиҳати масоҳати умумӣ ва заминҳои хоҷагии қишлоқ дар ҷаҳон ҷои аввалро гирифтааст. Аз 2227,5 млн га замини умумни СССР 1047,2 млн га-и он дар ихтиёри корхонаҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар хоҷагиҳо мебошад (1 нояб. 1985).
Ҳуқуқҳои истифодаи Фонди замини СССР ва гурӯҳҳои ҷудогонаи заминро Асосҳои қонунгузории СССР ва республикаҳои иттифоқӣ оид ба замин (1968) муайян мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …