Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС

ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС

ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС «Фарҳанги Қаввос», «Фарҳангнома», «Панҷбахшӣ», фарҳанги тафсириест, ки Мавлоно Фахруддин Мубораки Ғазнавӣ мутахаллис ба Қаввос (Камонгар) соли 1301 дар Ҳиндустон таълиф кардааст. «Фарҳанги Фахрии Қаввос» баъд аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ дуюмин фарҳанги тафсирии забони форсӣ (тоҷикӣ) ва нахустин фарҳанги мавзуист, кн то замони мо расидааст. Аз панҷ «бахш» (боб) иборат аст. Бахши якум калимаҳои марбути осмон ва ҷирмҳои осмонист. Бахши дуюм калимаҳои оид ба замин, бахши сеюм калимаҳои ба олами наботот, бахши чорум калимаҳои ба ҳайвонот ва бахши панҷум калимаҳои ба инсон тааллуқдоштаро дар бар мегирад. Бахшҳо ба бобҳои нисбатан хурдтар («гуна»-ҳо) ва онҳо ба «баҳр»-ҳо тақсим шудаанд. Гуна ва баҳрҳо калимаҳои ба мавзуи бахш дахлдоштаро дар бар мегиранд. Қаввос дар он аз ашъори шуарои мутақаддимини форс-тоҷик — Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон порчаҳои шеърӣ овардааст.
Олими ҳинду Мазир Аҳмад «Фарҳанги Фахрии Қаввос»-ро аз рӯи нусхаи ягонааш, ки дар Ҳиндустон маҳфуз аст, соли 1974 дар Теҳрон ба табъ расонидааст. В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …