Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАЛСАФАИ ИЛМ

ФАЛСАФАИ ИЛМ

ФАЛСАФАИ ИЛМ, ҷараёнест дар фалсафаи табиатшиносӣ, ки бунёду бунёни дониши илмӣ, усулу воситаҳои маърифати илмӣ, роҳҳои ташаккул ва тараққии донишро тадқиқ мекунад. Фарсафаи илм ҳам ба консепсияҳои позитивистии назарияи маърифат ва ҳам ба маълумоту мафҳумоти илмҳои табиатшиносӣ (физика, химия, биология ва илмҳои дигар) истинод мекунад.

Фалсафаи илм дар миёнаи асри 19 ба соҳаи мустақили тадқиқот табдил ёфт. Аз охири солҳои 20 асри 20 сар карда дар он нуфузи позитивизми мантиқӣ афзуд. Аз охири солҳои 50 масъалаҳои таҳлили инкишофи илм дар маркази диққати фалсафаи илм қарор гирифтанд. Фалсафаи илми муосир бунёду бунёни назарияи илмӣ ва вазифаҳои он, мафҳуми қонуни илмӣ, усулҳои тафтишу тасдиқ ва раддияи назардяи илмӣ, қонуну фарзаияҳо, тариқҳои тадқиқоти илмӣ ва ғайраро тадқиқ мекунад. Зимни тадқиқи таърихи инкишофи илм ва истифодаи дастовардҳои табиатшиносии ҳозира намояндагони фалсафаи илм баъзан ғояҳои муфид баён карда, масъалаҳои тозаи методологӣ ба мнён мегузоранд. Аммо инкори принсипи инъикос ва таъбири маърифати илмӣ аз мавқеъҳои кантчигӣ, прагматистӣ ё конвенсионалистӣ намояндагони фалсафаи илмро ба ихтилофҳои ҳалнопазир меорад. Дар СССР оид ба фалсафаи илм дар институтҳои марказӣ ва баъзе республикаҳо (Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Украина, Белорусия ва ғайра) тадқиқот бурда мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …