Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАУНАИ ХУШКӢ

ФАУНАИ ХУШКӢ

ФАУНАИ ХУШКӢ, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Ба фаунаи хушкӣ қариб 4/5 ҳиссаи миқдори умумии намудҳои ҳайвонот мансуб аст, ки сабаби ин гуногуншаклии шароити ҳаёт, таърихи геологии хушкӣ (якчанд маротиба иқлим, релеф ва ғайра тағйир ёфт), ҷудо будани баъзе материку ҷазираҳо ва ғайра мебошад.

f-xushki

Намояндагони фаунаи хушкӣ бисёр ҳаракатноканд (мепарранд, медаванд, меҷаҳанд ва ғайра), ки ин ба ҷустуҷӯи ғизо вобаста аст. Ҳарорати бадани паррандаҳо ва ширхӯрҳо доимӣ буда, онҳо ба гурӯҳи ҷонварони гармхун дохил мешаванд. Ҳашарот, ширхӯрҳо ва паррандагон дар хушки ба вуҷуд омадаанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …