Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭСХАТОЛОГИЯ

ЭСХАТОЛОГИЯ

ЭСХАТОЛОГИЯ (аз юн. eschatos— охирин, интиҳо ва …логия), таълимоти диниест роҷеъ ба қисмату сарнавишти инсону кайҳон. Э. инфиродӣ (вазъи руҳи фарди алоҳида дар охират) ва умумиҷаҳонӣ (ба охир расидани кайҳон ва итмоми таърих) мешавад. Э.-и инфиродӣ қисми таркибии Э.-и умумиҷаҳонист, зеро баробари фаро расидани қиёмат ҳашру таслиби мурдагони порсо шуруъ мешавад. Э.-и масеҳӣ дар заминаи таълимоти эсхатологии дини яҳудӣ, ки дар навбати худ аз таълимоти динии юнонию мисрӣ ва зардуштӣ ғизои маънавӣ гирифта буд, ба вуҷуд омадааст.

Дар ислом Э. масъалаҳои қиёмат, таносух, ҳашри ҷисмонӣ ва Э-ро дар бар мегирад. Таълимоти эсхатологии мутафаккирони Шарқ бисьёр нуқтаҳои таълимоти диниро рад карда, доираи фаъолияти худоро дар он маҳдуд намудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …