Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭКСПЕДИЦИЯҲОИ АРХЕОЛОГИ ДАР ТОҶИКИСТОН (ЭАТ)

ЭКСПЕДИЦИЯҲОИ АРХЕОЛОГИ ДАР ТОҶИКИСТОН (ЭАТ)

ЭКСПЕДИЦИЯҲОИ АРХЕОЛОГИ ДАР ТОҶИКИСТОН (ЭАТ), экепедицияҳои илме, ки бо мақсади тадқиқи ёдгориҳои бостонии республика ташкил карда шудаанд, Экспедицияи археологии Тоҷикистон (ЭАТ; 1946 —73) с. 1946 таъсис ёфта, то 1952 Экспедицияи археологии Суғду Тоҷик ном дошт. Дар таъсиси он Ин-ти таърихи маданияти моддии АФ СССР (аз с. 1959 Ин-ти археологияи АФ ССР), Ин-ти таърихи Филологии тоҷикистонии АФ СССР ва Эрмитажи давлатӣ иштирок карданд. Ба экспедиция аввал А. Ю. Якубовский (1946—53),     минбаъд  М. М. Дьяконов (1953—54) ва А. М. Беленицкий (1954—73) роҳбарӣ карданд. Аз олимони Ленинград, ки с-ҳои 1946—51 ба гуруҳҳои алоҳидаи экспедиция роҳбарӣ кардаанд, саҳми А. П. Окладников, О. И. Смирнова, А. М. Мандельштам, Б. И. Маршак, В. И. Распопова калон аст. Онҳо бори аввал дар болооби Зарафшон, водиҳои Вахшу Ҳисор ва вил. Кулоб тадқиқоти археологи гузарониданд. Ҳафриёти  Панҷакенти Қадим, қабристони Tӯпхона, димнаҳои Кайқубодшоҳ ва қалъаи Мир оғоз ёфт. Баъди таъсиси АФ РСС Тоҷ. (1951) гуруҳи калони бостоншиносон (Б. Л. Латвийский, Е. Л. Давидович, Н. Н. Неъматов, Т. И. Зеймаль, В. А. Раков, Е. Д. Салтовская, X. Ю. Муҳиддинов, М. А. Бубнова, Ю. Е. Ёқубов, А. Исҳоқов ва диг.) ба тадкиқи археологии республика машғул шуданд; тадқиқоти археологӣ cap то сари республикаро фаро гирифт.

Ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шим. Тоҷикистон ёдгориҳои зиёди асрҳои сангу биринҷӣ, қароргоҳҳо, бошишгоҳҳои мавсимии шикорчиёну чорводорон, қароргоҳи мағорагии Оқтангӣ ва дар поёноби д-ҳои Кофарниҳон, Вахш, Сурхоб қабристонҳои зиёд таҳқиқ гардиданд. Ёдгориҳои археологии мансуб ба ҳазораи 1 то м. (давраи сакоиҳо) аз ҳама бештар дар ҳудуди Помири Шарқӣ таҳқиқ шудаанд. Зиёда аз 200 пушта кашф гардид.

ЭАТ дар таҳқиқи таърихи давраи қадими Тоҷикистон (ох. хазораи 1 то м.— авв. ҳазораи 1 м.) саҳми калон гузошт. Дар натиҷаи ҳафр ва тадқиқи қабристони Тупхона, Балдойтеппа, Ғаравқалъа ва димнаи Шаҳринав маданияти давраи Кушониён ба давраҳо тақсим карда шуд. Ҳафриёту таҳқиқоти ёдгориҳои ибтидои асрҳои миёна (а-ҳои 5—8) — Панҷакенти Қадим, Шаҳристон ва Аҷинатеппа дастоварди асосии фаъолияти бисьёрсолаи ЭАТ ба ҳисоб меравад. Дастаҳои ЭАТ ёдгориҳои мансуб ба асрҳои миёнаи баркамол (Қаъаи Воло, Қалъаи Ҳисор ва ғ.)-ро хафру таҳқиқ намудаанд. Дар фаъолияти ЭАТ тадқиқоти нумизматикӣ ва антропологӣ низ ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Дар асоси материалҳои дастрас зиёда аз 10 монография ва садҳо мақолаҳои илмӣ таълиф шуданд. С-ҳои 1954—73 маҷм. «Археологические работы в Таджикистане» («Тадқиқоти археологӣ дар Тоҷикистон») нашр мешуд. 3 ҷилди асарҳои ЭАТ ва 2 ҷилди алоҳида бахшида ба санъати наққошӣ ва ҳайкалтарошӣ (дар Панҷакент) интишор ёфтанд.

Экспедицияи археологии ҷан. Тоҷикистон (ЭАЦТ) с. 1973 дар заминаи ЭАТ ҳамчун экспедицияи мустақил таъсис ёфт. Сардораш Б. А. Литвннский. Дар фаъолияти он Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ., Ин-ти шарқшиносии АФ СССР ва Эрмитажи давлатӣ ширкат меварзанд. Аз тарафи ЭАЦТ ёдгориҳои археологии р-нҳои ҷан. Тоҷикистон ва Помир таҳқиқ карда мешаванд. Фаъолияти ЭАЦТ доир ба таҳқиқи давраи асри санг имконият дод, ки ёдгориҳои асри санг дар ҷан. Тоҷикистон ва Помир ба давраҳо ҷудо карда шаванд. Ёдгориҳои асри биринҷӣ дар ноҳияи Норак ва водиҳои Данғараю Ҳисор кашф гардиданд. Дар натиҷаи ҳафриёти Қалъаи Шодмон (p-ни Орҷоникидзеобод), Уртабуз (Колхозобод), Гарданаи Ҳисор, Ҳулбук, Сайёд материалҳои зиёде ба даст омаданд. ЭАЦТ баробари ҳафриёти археологӣ як қатор тадқиқоти нумизматикӣ ва антропологиро низ ба анҷом расонидааст. С-ҳои 1980—85 тамоми отрядҳои ЭАЦТ дар тартиб додани харитаҳои археологии Тоҷикистон саҳми калон гузоштанд.

Экспедицияи археологии комплексии шим. Тоҷикистон (ЭАКШТ) с. 1974 таъсис ёфтааст. Роҳбараш Н. Неъматов. То ин давра тадқиқи мунтазами осору ёдгориҳои бостонии шаҳру деҳоти вил. Ленинободро отрядҳои бостоншиносии «Хуҷанд» (1954), «Хуҷанду Истаравшан» (1955) ва «Шимоли Тоҷикистон» (1961—73)-и Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. ба уҳда доштанд. Ҳоло ЭАКШТ аз гуруҳҳои «Хуҷанд», «Шимолу ғарби Фарғона», «Истаравшан», «Нуртеппа» ва ғ. иборат аст. Фаъолияти ЭАКШТ дар тадқиқи ёдгориҳои давраи асрҳои сангу биринҷӣ, оҳае, давраи атиқа ва асрҳои миёна хеле назаррас аст. Аъзоёни ЭАКШТ дар омӯзиши ташаккули шаҳрсозӣ дар қисми шим. Осиёи Хурд ва ҳавзаи д. Сир, меъмории кушку манзил ва кохи ҳокимон, маросими дафн, услуби обёрӣ, ҳунари кулолию заргарӣ, санъати тасвирию кандакорӣ ва унсурҳои ирфонию аҳкоми динии ниёгони тоҷикон асару мақолаҳои зиёд таълиф намуданд. Яке аз комьёбиҳои бостоншиносони ЭАКШТ муайян намудани санаи ба вуҷуд омадани Хуҷанд ва кашфиёти Истаравшан мебошад. Тавассути тадқиқоти археологӣ ҷабҳаҳои муҳимми ҳайати этникӣ, забон, ҳаёт маданию маишӣ ва ҳунарии истаравшаниёни қадим, Искандарияи Ақсо (Хуҷанд), Уротеппа, Конибодом, Исфара, Ашт ва иқоматгоҳҳои куҳии чорводорону нақбканони Қадим нисбатан равшан гардиданд. Кормандони экспедиция рисолаю мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф намуданд. Дар фаъолияти экспедиция Н. Н. Неъматов, Е. Д. Салтовская, У. П. Пулодов, С. Ш. Марофиев, А. К. Мирбобоев, В. М. Соколовский, Т. В. Беляева, С. Муҳаммадҷонова ва диг. саҳми калон мегузоранд.

В. А.  Ранов, А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …