Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮМ Давид

ЮМ Давид

david-hume

ЮМ (Hume) Давид (7. 5. 1711, Эдинбург, Шотландия —25. 8. 1776, ҳамон ҷо), файласуф, муаррих, иқтисодчӣ ва публицисти англис. Дар таърихи фалсафа усули асосии агностацизмро ташаккул дод. Дар «Рисола дар бораи табоати инсон» ном асараш таълимоти идеалистии асоси дониш будани таҷрибаи ҳиссиро инкишоф до два сабабҳои онро донисташаванда эълон кард. Масъалаи муносибати ҳастӣ ва руҳро аз ҷиҳати назарӣ ҳалнашаванда мепиндошт. Ю. масъалаи сабабиятро ба миён гузошта, хусусияти объективии онро ҳамвора бо мафҳуми ҷавҳарӣ рад намуд.

Дар ақидаҳои ахлоқиаш Ю. таълимоти утилитариамро инкишоф дода, дар иқтисоди сиёсӣ назарияи арзиши меҳнати А. Смитро тарафдорӣ кард. Таълимоти Ю. яке аз манбаъҳои фалсафаи И. Кант, позитивизм ва неопозитивизм аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …