Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХРОМ

ХРОМ

chromium

ХРОМ (лот. Chromium) Cr, элементи химиявии гурўҳи VI системаи даврии Д. И. Менделеев; рақами ат. 24., массаи ат. 51,996; металли осмонранг. Хромро С. 1797 химики франсавӣ Л. Н. Воклен аз минерали крокоит (РЬ Сг О4) кашф кардааст. Xром 8,3 10-3-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Xром металли устувор, вазнин ва душворгудоз аст. Хроми нисбатан холисро дар саноат бо роҳи электролизи маҳлули обии концентронидаи Сг О3 ё Сг2 Оз, ки Н2 SО4 дорад, ё электролизи сулфати Xром (Сгз(3О4) ҳосил мекунанд. Xром ва хулаҳои онро барои истеҳсоли рўйпўшҳои ба коррозия тобовар ва асбобҳои химиявӣ, пайвастҳои онро дар саноатҳои бофандагию чарм истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …