Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧКАЛОВ Валерий Павлович

ЧКАЛОВ Валерий Павлович

chkalov-v

ЧКАЛОВ Валерий Павлович (2. 2. 1904, деҳаи Сасилёво, ҳозира ш. Чкаловск, раёни Чкаловски вил. Горький—15. 12. 1938, Москва), лётчики советӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1936). Аъзои КПСС аз с. 1936. Аз соли 1930 лётчик-озмояндаи Иниституги тадқикоти            илмии ҚҲҲ, бештар аз 70 хели самолётҳоро аз санҷиш гузаронидааст. Навъҳои нав ба нави санъати олии самолётрониро ҷорӣ кард. Солҳои 1936—37 ҳамроҳи Г. Ф. Байдуков ва А. В. Беляков бефурудоӣ парвози бемислу монандро анҷом дод: Москва— Қутби Шимол — Ванкувер (ПГМА). Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …