Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ЧАҲОР ГУЛЗОР»

«ЧАҲОР ГУЛЗОР»

«ЧАҲОР ГУЛЗОР»  китоби дарсиест дар шарҳи ному тафсили ҳуруфоти алифбои форсӣ (тоҷикӣ) ва тафсири санъатҳои лафзию маънавӣ. Нисорӣ с. 1560 таълиф кардааст. «Чаҳор гулзор» аз чаҳор боб (гулзор) иборат буда, ҳар боб боз ба фаслҳо (гулҳо) ҷудо шудааст. Боби аввал муштамил бар панҷ фасл аст. Дар он тақсиму тафсил ва ҳаракоту суқути ҳуруф, анвои он, изофат ва тағйири ҳуруф ва ғ. шарҳ ёфтаанд. Боби дуюм шомили ду фасл аст. Фасли якум дар саноеи лафзӣ ва фасли дуюм дар саноеи маънавист. Боби сеюм низ аз ду фасл иборат бу­да, фасли якум роҷеъ ба шеър ва фасли дуюм дар бораи вазни арўз баҳс мекунад. Дар боби чаҳорум санъатҳои бадеии шеъри тоҷикӣ баррасӣ шудаанд. «Чаҳор гулзор» то ҳол ба табъ нарасидааст. Нусхаҳои дастнависи он дар китобхонаҳои Ленин­град, Тошкент ва Душанбе маҳфузанд.   У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …