Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 50)

Ҷамъият

ПУНКТИ ФАРМОНДЕҲӢ

p-farmondehi

ПУНКТИ ФАРМОНДЕҲӢ, пункти асосие, ки аз он ҷанг ё амалиёти қӯшунҳоро идора мекунанд. Пункти фармондеҳӣ дар чунин самт ва хати дур аз фронт воқеъ мегардад, ки он мӯътамадии идораи қӯшунҳо, инчунин алоқаи доимиро бо тобеои, подразделенияҳои амалкунанда (қисмҳо, иттиҳодияҳо) ва штаби болоӣ таъмин мекунад. Дар Пункти фармондеҳӣ ҳамроҳи командир (фармондеҳ) …

Муфассал »

ПУНКТИ ТРИГОНОМЕТРӢ

punkti-trigonometri

ПУНКТИ ТРИГОНОМЕТРӢ, п у н к т и  триангулятсия, пункти геодезиест (ниг. Пунктҳои геодезӣ), ки мавқеи он дар сатҳи Замин бо усули триангулятсия муайян карда шудааст. Дар Замин иншооти мах­сус— марказҳои геодезӣ месозанд, ки онҳо чун аломати Пункти тригонометрӣ маҳал хизмат мекуианд. Координатаҳои уфуқии Пункти тригонометрӣ аз триангулятсия ҳисоб карда …

Муфассал »

ПУНКТИ ПАШМТАРОШӢ

punkti-pashmtaroshi

ПУНКТИ ПАШМТАРОШӢ, муассисаи бо асбобҳои технологӣ таҷҳизонидашудасст барои тароши пашми бузу гӯсфандон. Пункти пашмтароширо ба м у қимӣ (бузу гӯсфандонро барои тарош ба он ҷо мебаранд) ва сай­ёр (таҷҳизоти пашмтарошӣ ба ҷои нигоҳдорӣ ва ҷарогоҳи бузу гӯсфандон бурда мешавад) ҷудо мекунанд. Андоза ва таҷҳизоти Пункти пашмтарошӣ ба миқдори ҳайвонот вобаста …

Муфассал »

ПУНКТИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

punkti-nigahdoriyu-tandurusti

ПУНКТИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ, муассисаи табобатию профилактикие, ки дар СССР дар корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, участкаҳои сохтмон, совхозҳо ва ғайра одатан чун филиали муассисаҳои тиббию санитарӣ ё поликлиникаҳо ташкил карда мешавад. Пункти нигаҳдории тандурустиро вобаста ба контингенти хайати ходимон ба духтури (роҳбараш духтур) ва фелдшерӣ (роҳбараш фелдшер) чудо мекунонд. Пункти нигаҳдории …

Муфассал »

ПУНКТИ ЛОГОПЕДӢ

punkti-logopedi

ПУНКТИ ЛОГОПЕДӢ дар макт а б, шакли ташкили ёрии логопедӣ ба бачаҳои талаффузашон нуқсдор. Мақсади Пункти логопедӣ— ислоҳи нуқси нутқ, хониш ва хати талабагон, инчунин тартиби донишҳои логопедӣ дар байни муаллимон. Ислоҳи камбудиҳои нутқи хонандагон дар Пункти логопедӣ ба зиммаи муаллими логопедия гузошта мешавад. Машғулиятҳоро дар Пункти логопедӣ берун аз …

Муфассал »

ПУНКТИ ВЕТЕРИНАРӢ

punkti-veterinari

ПУНКТИ ВЕТЕРИНАРӢ, пунк­ти байторӣ, 1) муассисаи шабакаи ветеринарӣ, ки дар маҳаллу ноҳияҳои муайян, одатан дар як колхоз, совхоз ё пункти аҳолинишин тадбирҳои табобатию профилактӣ ва ветеринарию санитариро ба амал мебарорад. Вазифаҳои асосии Пункти ветеринарӣ: умури ветеринарӣ ба ҳайвоноти колхоз (совхоз), инчунин ба чорвои колхозчиён, коргарон ва хизматчиён, таъмини нормаи ве­теринарию …

Муфассал »

ПУНИҲО

ПУНИҲО (аз лотинӣ Puni, Pocni, Phoenices), номи дуюми финиқиҳои ба Африкаи Шимолӣ муҳоҷиршуда, ки римиёни қадим додаанд. Пуниҳо асрҳои 12—7 то мелод дар ин ҷо колонияҳои Утик, Карфаген, Лептис-Магнаро таъсис намудаанд. Забони Пуниҳо— шеваи забони финиқӣ. Ниг. низ Ҷангҳои пунӣ.

Муфассал »

ПУЛ

pul

ПУЛ, моли махсусест, ки арзиши ҳамаи молҳоро ифода мекунад ва эквиваленти умумӣ, воситаи мубодила ба ҳисоб меравад. Категорияи арзиши мол аст. Дар ҷамъият муносибатҳои истеҳсолиро ифода карда, моҳияташ вобаста аз тарзи истеҳсолот тағйир меёбад. Пул дар ҷараёни тараққии истеҳсолоти молӣ, мубодила ва шаклҳои арзиш — арзиши оддӣ, умумӣ, пулӣ ва …

Муфассал »