Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ

БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ

bozor-karzБОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯИ ҚАРЗӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он сармояи қарзӣ, маблағҳои пулӣ ба мизоҷон бар ивази гирифтани фоиз ва дар муҳлати муайян баргардондани онҳо дода мешавад. Он бозори муносибатҳои қарзии танзимшаванда буда, ҳамкории ду нафар, яъне қарздиҳанда ва қарзгирандаро му­айян мекунад. Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ амалиёти зеринро дар бар мегирад: а) қисми амалиёти бозорҳои сармояи қарзии кишварҳои алоҳида (муносибатҳои қарзӣ бо ғайрирезидентҳо, масалан ширкатҳои хориҷии дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда метавонанд аз Бозорҳои Тоҷикистон қарз гиранд); б) амали­ёти қарзию амонатӣ бо асъори хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди мамлакат ин асъорро мебароранд.

Рушди фаъолияти Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ аз бозорҳои миллии сармоя шурӯъ шудааст. Баробари пешрафти савдои байналмилалӣ ва зиёд шудани амалиёти асъорӣ зарурати ҷудо кардани амалиёти асъорӣ аз бозори қарзии миллӣ ва бунёдӣ қоидаҳои умумиҷаҳонии ин шакли фаъолият ба миён омад. Бозорҳои бузургтарини сармояи қарзӣ дар шаҳрҳои Лондон, Порис, Ню-Иорк буда, ба Бозорҳои байналми­лалӣ мубаддал шудаанд. Баъдан баробари афзоиши ама­лиёти қарзии асъорӣ Бозорҳои Сюрих, Токио, Брюссел, Баҳрайн ва ғайра ба фаъолият шурӯъ намуданд. Имрӯзҳо, вобаста бо пешрафти илм, бахусус пайдоишу истифо­даи васеи интернет дар соҳаи бонкдорӣ, тартиби иҷрои амалиёти қарзии асъорӣ ва фаъолияти бозорҳои сармоя комилан тағйир ёфтааст. Амалиёти қарзӣ дар Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ аз ҷониби бонкҳои Марказӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, хазинаҳои нафақа, биржа ва ширкатҳо иҷро мешаванд. Вобас­та ба муҳлати истифодаи Бозорҳои байналмилалии сар­мояи қарзӣ онро ба се қисм тақсим кардан мумкин аст:

  1. Бозори байналмилалии пул – бозори қарзҳои кӯтоҳмуддат (аз як рӯз то як сол). Ба ин гурӯҳ қарзҳову пасандозҳои байнибонкӣ, сертификатҳои бонкҳо, вексел ва ризоятномаҳо (аксептҳо)-и бонкҳо дохил мешаванд.
  2. Бозори байналмилалии қарзхои миёнамуҳлату дароз­муҳлати хориҷӣ, ки дар онҳо муҳлати қарз беш аз як сол аст. Чунин намуди қарзҳо аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ барои пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва ғайра дода мешаванд. Масалан, солҳои 1996-2006 гурӯҳи бонкҳои Швейтсария барои кишт ва истеҳсоли пахта ба корҳонаҳои Тоҷикистон қарз додааст. Бонки Венгрия низ ба Комбинати шири шаҳри Душанбе ба муҳлати 5 сол қарз дод. Бонки дигари ҳамин кишвар соли 1998 ба ҳукумати шаҳри Душанбе барои хариди троллейбусҳо қарзи дарозмуҳлат дода буд.

Бозори байналмилалии молиявӣ – бозори коғазҳои қиматнок дар нимаи дуюми солҳои 60-ум ба фаъолият шурӯъ намудааст. Қарзгирандагон – барорандагони коғазҳои қиматнок ҳукуматҳо, созмонҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои давлатӣ ме­бошанд. Онҳо коғазҳои қиматноки худро ҳамчун гарави баргардондани қарз ба бозор бароварда, бар ивазаш қарз мегиранд. Ҳоло хиссаи асосии қарзҳои байналмилалӣ (такр. 80 %) ба қарзҳои аз ҳамин бозор гирифта рост меояд.

Дар Тоҷикистон низ аз соли 1997 то имрӯз вомбаргҳои Вазорати молия ба фурӯш бароварда шудаанд, ки ҳадафи он ҷалби маблағхои пулии аҳолӣ барои пӯшондани касри буҷети давлатӣ мебошад. Коғазҳои қиматнок ба муҳлатҳои гуногун (аз 5 то 40 сол) бароварда мешаванд. Ҳамин тариқ фаъолияти Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ пайваста тағйир ёфта, ба талаботи за­мон мувофиқ мегардад.

Адабиёт: Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Душанбе, 1999; Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Душанбе, 2008; Мошенский С. 3. Рынок ценных бумаг: транс­формационные процессы. Москва, 2010.                                                                                                                               Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …