Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОТКИН Сергей Петрович

БОТКИН Сергей Петрович

БОТКИН Сергей Петрович (17.9.1832, Маскав – 24. 12.1889, Ментонаи Фаронса), духтур-терапевти рус, асосгузори ҷараёни физиологӣ дар тибби клиникб. Соли 1855 факултаи тиббии Университети Маскавро хатм намуда­аст; аз 1861 профессори клиникаи муолиҷавии Академияи тиб­бии ҷарроҳии Петербург. Боткин яке аз асосгузорони тибби илмии клиникавӣ мебошад. Аввалин бор дар Руссия ла­бораторияи таҷрибавиро, ки дар он ҷо таъсири физиоло­гию фармакологии дорувор таҳқиқ шуданд, ташкил кард. Инкишофи раванди бемориро дар организм омӯхта, он­ро дар ҳайвонот таҳқиқ намуд. Боткин дар тиб ба ҷараёни нав асос гузошт, ки онро И. П. Павлов нервизм номид. Нахусг Боткин ақидаи хос будани сохти сафедаи ҳар як узвро баён кард, сироятнокии гепатити вирусиро муқаррар на­муд (онро бемории Боткин низ меноманд). Солҳои 1878-89 раиси ҷамъияти ба шарафи Н. И. Пирогов ташкил шудаи духтурони рус буд. Касби духтурони беҳдоштро ба вуҷуд овард, оид ба беҳтар намудани ҳолати бещдошт ва кам кардани фавти одамон дар Руссия (1886) тадбирҳо андешидааст. Дар Петербург дафн шудааст.

Осор: Курс клиники внутренних болезней и клинические лекции. Т. 1-2. Москва, 1950.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …