Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЛСАНО Бернард

БОЛСАНО Бернард

bolzanoБОЛСАНО Бернард (5.10.1781-18.12.1848, Прага), риёзидон, файласуф ва геологи чех. Университети Карловро дар Пра­га хатм кардааст (факултаи фалсафаро соли 1800, факултети геологияро соли 1805). Солҳои 1805-20 мудири кафедраи таъ­рихи дини ҳамин университет буд. Сипас, барои озодфикрӣ аз вазифа сабукдӯш гардид ва ба­рои таҳқиқи муаммоҳои риёзиёт ва мантиқ вақт пайдо кард. Дар таҳқиқот оид ба асосҳои мантиқии таҳлили риёзӣ Болсано бори аввал назарияи ададҳои ҳақиқиро омӯхт. Ғайр аз ин ӯ теоремаҳо ва мафҳумҳои бунёдии риёзиётро пешниҳод кард, ки дар илми ҷаҳонӣ дертар татбиқ шуданд (масалан, функсияҳои бефосила, вале дар ягон ҷо дифференсатсия нашуда, ки бо ёрии таҳқиқоти ҳандасавӣ ба даст оварда шуда бу­данд). Болсано дар асари худ «Муаммоҳои беохирӣ» назарияи маҷмӯъҳои беохирро кашф кард. Ӯ теоремаро дар бораи он, ки ҳар як маҷмӯи беохири маҳдуд ақаллан як нуқтаи ҳудудӣ дорад, исбот кард (теоремаи Болсано-Вейер- штрасс). Болсано дар таълимоти худ платонизми модификатсияшуда (таълимот оид ба мафҳумҳои соф ва дар бораи ҳақиқати худ) ва атомизмро (нисбати тағйирёбии субстансияҳои сода дар раванди таъсири мутақобила) ҷамъбаст карда, ғояи назарияи арифметикии адади моддиро пеш­ниҳод кардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …