Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ

БОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ

imagesБОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ Мавлоно Муҳаммадбоқири Хурдафурӯш, мутахаллис ба Боқир (фавт 1629, Бурҳонпури Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Сабаби бо номи Хурдаӣ машҳур будани ин шахсро муаллифи «Тазкираи Майхона» Абдуннабии Фахруззамонӣ дар он донистааст, ки ӯ ба хурдафурӯшӣ (резаворфурӯшӣ) машғул будааст. Сайд Нафисӣ зодгоҳашро деҳаи Хурда гуфтааст. Дар шеър шогирду пайрави Муҳташами Кошонӣ, дар хат шогирди Мир Муизиддин Муҳаммади Кошонӣ буд. Дар манбаъҳо аз Боқир чун устоди хатти настаълиқ ёд кардаанд. Дар ҷавонӣ ба мазҳаби нуқтавия гаравид. Пайравони ин мазҳаб аз ҷониби Шоҳ Аббоси Сафавӣ (ҳукмронӣ 1588-1629) батаъқибот дучор омаданд. Боқир бо миёнаравии вазири Шоҳ Аббос аз қатл раҳо ёфта, пас аз саргардониҳо дар Ироқ, Кошон, Хуросон озими Ҳинд шуд ва дар дарбори ҳокимони шаҳрҳои Аҳмаднагар, Беҷопур, Бангола ба хидмат даромада, таъмини маош мекард. Мувофиқи иттилои адиб ва тазкиранигор Абдулбоқии Наҳовандӣ («Маосири Раҳи­мӣ») Боқир соҳиби девоне иборат аз 12 ҳазор байт ва соқиномае будааст. Абёти зерин намунае аз ашъори Боқир мебошанд:

Шаб нолаи ман гӯшзади мурғи чаман шуд,

Бечора гирифтори гирифтории ман шуд.

* * *

Ё Раб, он сӯз фиган дар дили девонаи мо,

Ки Калим ояду оташ барад аз хонаи мо.

 * * *

Рафтию бишкаст аз дурии ту

Дар дидаам ашк, дар синаам оҳ.

                                                                                                                                                Ш. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …