Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи САРДИНИЯ

Ҷазираи САРДИНИЯ

САРДИНИЯ (Загдедиа), ҷазираест дар баҳри Миёназамин, ғарбтар аз нимҷазираи Апеннин. Территорияи Италия. Масоҳаташ 24 ҳазор километр2. Аҳолиаш 1,5 миллион нафар. (1973). Шаҳр ва бандари асосиаш — Каляри. Сардинияро гул. Бонифачо аз ҷазираи Корсика ҷудо мекунад. Релефи ҷазира асосан кӯҳист. Баландии кӯҳҳо то 1834 метр (кғҳи Ла-Мармора). Пастиҳои начандон калон қад-қади соҳилҳо ва дар қисми ҷануби ғарбӣ тӯл кашидаанд. Кӯҳҳои қисми шарқӣ асосан аз граниту варақсангҳои кристаллӣ ва пуштакӯҳҳои ғарбию шимоли ғарбӣ аз лаваю туфсангҳо таркиб ёфтаанд. Конҳои сурб, руҳ, маъдани оҳан, ангиштсанг ва ғайра мавҷуданд.

sardiniya_cr

Иқлими ҷазира субтропикӣ, баҳримиёназаминӣ. Ҳарорати миёнаи январ 7—10°Селсия, июл 24—26аСелсия. Боришоти солона дар ҳамвориҳо 600 миллиметр, дар кӯҳҳо то 1000 миллиметр. Дарёҳояш кӯтоҳу серостонаанд; зимистон пуроб мешаванд. Дарёҳои калонтарин: Тирсо, Флумендоса, Манну. То баландии 500—600 метр паттазори маквис, фриган, чакалакзори дарахтони булут, болотар аз он бешазори дарахтони баргрез воқеъ гаштаанд. Аҳолии ҷазира бо ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, инчунин моҳигирӣ машғул аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …