Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛҚОСИМИ ДИНОВАРӢ

АБУЛҚОСИМИ ДИНОВАРӢ

АБУЛҚОСИМИ ДИНОВАРӢ Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон (соли таваллуд но­маълум – вафот 1000), шоир ва адиби араб. Аз зодгоҳаш Диновар (шаҳре дар Эрон) солҳои 80 асри 10 ба Бухоро омад ва зиндагиву фаъолияташ дар ҳамин ҷо идома ёфтааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ (масалан, «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ) Абулқосими Диноварӣ яке аз шуаро ва котибону коргузорони маъруфи дарбори Сомониён буд. Дар масоили гуногуни адаб беш аз 30 ҷилд асар навишта будааст. Дар тазкираи Саолибӣ ва тазкираҳои дигар беш аз 90 байт аз ашъори Абулқосими Диноварӣ фароҳам омадаанд, ки онҳо шеърҳо дар жанри мадҳия, васф, ҳаҷв, шикоят аз пирӣ ва фарзандон, ки дар пиронсолӣ ба падар шафқат надоранд ва ғайра мебошанд.

Васфияҳои Абулқосими Диноварӣ  дар бораи себ, анор ва анвои дигари меваҷот, ки дар фаро расидани Меҳргон зеби хон мешаванд, китоб чун дӯсти вафодору мусоҳиби инсон басе ҷолибанд. Абулқосими Диноварӣ дар ашъораш аз санъатҳои бадеӣ – ташбеҳ, истиора, тавсиф ва ғайра истифода кардааст.

Адабиёт: Саолибӣ, Ятимат-уд-дахр фӣ маҳосии ахл-ал-аср, ҷилдҳои I – 6, Бейрут, 2000. Н. Зоҳидов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …