Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ

АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ

АБУЛФУТӮҲИ РОЗӢ Ҳусайн иб­ни Аҳмади Нишопурӣ мулаққаб ба Ҷамолуддин (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), яке аз намояндагони машҳури фалсафаи калом ва муфассири маш­ҳури асри 10. Авлодаш аслан сокини шаҳри Рай буда, баъдан ба Нишопур муҳоҷират кардааст. Асару тафсирҳои бисёре дорад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо тафсирҳои машҳури Абулфутӯҳи Розӣ «Рӯҳ-ул-ҷинон» ва «Шиҳоб-ул-ахбор» мебошанд.

Дар тафсирҳояш бисёр масъалаҳоро аз нуқтаи назари фал­сафаи калом шарҳ додааст. Фахруддини Розӣ дар «Тафсири кабир»-и худ аз асарҳои Абулфутӯҳи Розӣ  истифода карда- аст. Ду ҷилди тафсири Абулфутӯҳи Розӣ  дар замони Музаффар – шоҳи Қоҷор ва се ҷилди дигараш дар аҳди Ризошоҳи Паҳдавӣ дар Эрон ба табъ расидаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …