Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурразоқи Самарқандӣ

Абдурразоқи Самарқандӣ

Абдурразоқи Самарқандӣ Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самаркандӣ (8. 11. 1413, Ҳирот – 1482, ҳамон ҷо), нависандаю таърихнигор ва шоири форс- тоҷик. Падари ӯ зодаи Самарқанд буда, дар қароргоҳи Шоҳрух (ҳукмронии 1404 – 47) вазифаи қозигӣ ва имомиро адо мекард. Давраи ҷавонӣ ва донишомӯзии Абдурразоқи Самарқандӣ, асосан, дар Ҳирот гузаштааст.

Ӯ дар ин айём дар баробари анвои илмҳои анъанавӣ аз қабили Қуръон, ҳадис, тафсир ва фиқҳу усул илмҳои таърих, забону адабиёт ва иншову шеърро ҳам меомӯхт. Аввалин дафъа дар синни 25-солагӣ ба дарбори Шоҳрух (1437) муаррифӣ гардид ва ба амир шарҳи ба рисолаи забоншиносии Азудуддини Инҷу навиштаашро пешкаш намуд. Дар замони ҳукмронии Абулқосим Бобур (1449 – 57), Абусаид (1458 – 69) мулозими онҳо ва дар замони султон Ҳусайн Бойқаро (1470 – 1506) шайхи хонақоҳи Шоҳрух буд. Соли 1441 Шоҳрух сафорати расмии ҳукуматие бо сардории Абдурразоқи Самарқандӣ ба Ҳиндустон фиристод. Мусофирон ба Калкатта ва шоҳигарии Ваҷаянагара раф- танд ва соли 1444 ба Ҳирот баргаштанд.

Шоҳрух соли 1446 бори дигар дар ҳайати сафорат ӯро ба Гелон (Эрон) фирис­тод. Соли 1463 султон Абусаид Абдурразоқи Самарқандиро шайхи хонақоҳи Шоҳрухи Ҳирот таъин кард ва то охири ҳаёташ ба ҳа­мин вазифа машғул буд. Абдурразоқи Самарқандӣ муалли- фи таърихномаест бо номи «Матлаъ- ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» (иборат аз ду дафтар – ҷилд, анҷомаш солҳои 1467-70; такмилаш то соли 1480 идома ёфтааст). Асари Абдурразоқи Самарқандӣ  идомаи «Зубдат-ут-таворих» ном асари таъ­рихнигор Ҳофизи Абрӯ мебошад, ки ҳодисаҳову воқеаҳои то соли 1427 дар Мовароуннаҳру Хуросон рӯйдодаро дар бар мегирад. «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-бахрайн» воқеаҳои таърихии байни солҳои 1304 – 1469-ро инъикос менамояд.

«Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» симои Абдурразоқи Самарқандиро дар назари хонанда на танҳо чун таърихнигори дақиқназар, балки чун насрнависи хуштабъ ҷилвагар месозад. Забонаш содаву равон мебошад. Ба ғайр аз осори мансур Абдурразоқи Самарқандӣ инчунин дар навъҳои гуногун шеър гуфтааст, ки намунаашон ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд. Матлаи зерин аз ӯст:

Боз абрӯ карда боло турки тирандози ман,

Оламеро кушту дорад ин замон андози ман.

Адабиёт: Стори Ч. А., Персидская литерату­ра. Биобиблиографический обзор, Москва, 1972; Миклухо-Маклай Н. Д,, Описание пер­сидских и таджикских рукописей Института вос­токоведения, век 3. Исторические сочинения, Москва, 1975.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …