Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулваҳҳобхоҷа

Абдулваҳҳобхоҷа

Абдулваҳҳобхоҷа  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Бухоро. Дар 80-солагӣ дар қарияи Асфардони вилояти Нисо фавтидааст. Бо тахаллуси Ориф низ шеър мегуфт. Аз авлоди тазкиранигори асри 16 Хоҷа Ҳасани Нисорӣ (муаллифи тазкираи «Музаккир-ул-ахбоб») будааст. Бино ба маълумоти ин тазкира Абдулваҳҳобхоҷа дар назди падараш илм омӯхта, аз шахсонитаҳсилдида ва машҳури аҳди худ буд. Аз фанни шеър вуқуфи тамом дошта, пайваста эҷод мекардааст. Ба қавли Нисорӣ ашъори Абдулваҳҳобхоҷа малеҳ, гуфтораш фасеҳ буда, дар ғазал ба тасаввуфу ирфон майл доштааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Сарбаландон, ки ба даргоҳи ту доранд саре,

Ки сари хеш ба фирдавс фурӯ меоранд.

Ҳаваси теги ту ҳар тоҷварро нарасад,

Ин ҳавоест, ки хосони ту дар сар доранд.

Орифо, дурчи ҳақоиқ барорӣ аз гӯш,

Кӯҳли тақлид на шоистаи ин осоранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …