ҚАЙДИ АКТҲОИ ҲОЛАТИ ГРАЖДАНӢ (ЗАТО), мувофиқи қонун расман қайд кардан ва ба ҳисоб гирифтани таваллуд, вафот, ақди никоҳ ва бекор кардани он, иваз кардани ном, номи падар ва фамилияро гуянд. Дар СССР Қ. бо декрети СКХ аз 18 дек. с. 1917 ҷорӣ шуд. Қ.-ро дар шаҳрҳо ва марказҳои район бюрои ЗАГС, ки дар ихтиёри Советҳои депутатҳои халқӣ, дар деҳот ва посёлкаҳои коргарӣ дар ихтиёри Советҳои депутатҳои халқии посёлкавӣ ва қишлоқӣ мебошанд, ба амал мебароранд.