Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФБЕКОВ Худоёр Юсуфбекович

ЮСУФБЕКОВ Худоёр Юсуфбекович

yusufbekov

ЮСУФБЕКОВ Худоёр Юсуфбекович. (тав. 10. 12. 1928, деҳаи Пиши p-ни Шуғнони ВАБК), доктори илмҳои х. қ- (1969), акад. АФ РСС Тоҷ- (1976; аъзо-корр. 1968), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷ. (1978). Аъзои КПСС аз с. 1966.

С. 1954 фак-ти агрономии Ин-ти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кард. С-ҳои 1954—57 ходими калони илмии Боғи ботаникии Помири АФ РСС Тоҷ 1957— 60 аспирант, 1962—81 директори Инити биологияи Помир (то 1969 Ст-и биологии Помир буд), 1981—86 рек-тори Ин-ти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Аз c. 1986 акад.— котиби шуъбаи биологияи АФ РСС Тоҷ. Ю. беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ (аз ҷумла 10 китобу монография) навиштааст. Асосан оид ба табиати Помир (беҳтар кардани алафдаравӣ, чарогоҳи водиҳои Помиру Олой, тадқиқу афзун намудани набототи ВАБК ва ғ.) тадқиқот бурдааст. Ю. с. 1974 дар Конгресси 19-уми боғдорӣ дар РХП иштирок намуд, с. 1983 ҳамчун сардори ҳайати вакилони ҷамъияти «Дустӣ» ба Австрия сафар кард. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали ба номи С. И. Вавилов ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

Ас,: Растительность Западного Памира и опыт её реконструкции, Д1975 (ҳаммуалл. бо Агаханянц О. Е.).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …