Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮНУСОВ Раҳмоналӣ

ЮНУСОВ Раҳмоналӣ

ЮНУСОВ Раҳмоналӣ (тав. 1. 8. 1908, деҳаи Метиндараи  Муъминобод, ҳозира p-ни Ленинград), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз с. 1947. С-ҳои 1927— 30 яккахоҷагӣ, 1930—47 сардори звено, 1947—59 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1959—75 обмони к-зи ба номи С. Амиршоев (собиқ к-зи ба номи И. В. Сталин) p-ни Кӯлоб ва аз с. 1968 нафақахури шахсӣ. Бригадаи Ю. с. 1947 ҳосили фаровони пахта руёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …