Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ЮГОСЛАВИЯ

Ҷумҳурии ЮГОСЛАВИЯ

ЮГОСЛАВИЯ, Республикаи Социалистии Федеративии Югославия, РСФЮ (Socijalisticka Federativna Republika Jugoelavija), давлатест дар ҷан. Европа. Қисми зиёди он дар ним-ҷаз. Балкан. Аз ҷан. ғарб бо б. Адриатика иҳота шудааст. Масоҳ. 255,8 ҳаз. км3. Аҳолиаш 22,85 млн наф.. (1985); аҳолии шаҳрӣ тақр. 67%. Пойтахташ ш. Белград. Давлати сермиллат (сербҳо, хорватҳо, словенҳо, «мусулмонҳо, македониҳо, черногориҳо, венгерҳо, туркҳо, албанҳо ва ғ.). Қисми зиёди диндорон правосланҳо, боқимондаашон католикҳо, инчунин мусулмонҳо. Ю. федерацияи 6 республикаи социалистӣ (Босния ва Герцеговина, Македония, Сербия, Словения, Хорватия, Черногория) мебошад; ба ҳайати Сербия ду кишвари социалистии автономӣ (Воеводина ва Косово) дохил аст. Ҳамаи забонҳое, ки аҳолии Ю. ба онҳо гап мезанад, ҳудуди якхела доранд. Органи олии ҳокимияти федерация Скушцинаи РСФЮ мебошад, ки аз 2 палата — Вечаи иттифоқӣ ва Вечаи республикаю кишварҳо иборат аст. Сардори давлат — президент.

yugoslaviya

Бештар аз се ду қисми ҳудуди Ю.-ро куҳҳо ишғол кардаанд; дар шим. ғарб к-ҳои Алпи Юля. (к. Триглав, 2863 м), дар ҷан. ғарб куҳсори Динор (ғору чуқуриҳои карстиаш бисьёр), дар шарқ ва ҷан. Шарқ к-ҳои Сербияи Шарқӣ воқеъ гардидаанд. Дар шимол ва шим. шарқ ҳамвории Дулаи Миёна ва дар наздикиҳои соҳили баҳр ҷаз-ҳои Далматия ҷойгир шудаанд. Иқлим дар назди соҳилҳо баҳримиёназаминӣ ва дар қисми боқимонда континентии муътадил аст. Ҳарор. миёнаи янв. аз —3 то 9 С, июль 18— 25°С; боришоти солона 500—1500 мм, дар куҳҳо бештар аз 3000 мм. Дарьёҳои калонтарин: Дунай, Тиса, Сава, Драва; кулҳо — Скадар, Охрид, Преспа. 34%-и ҳудуди Ю. бешазор (паҳнбарг ва сузанбарг) аст.

А-ҳои 6—7 дар терр. ҳозираи Ю. славянҳо сокин шудаанд. А-ҳои 7— 13 дар сарзамиии Ю. якчанд давлатҳои феодалӣ вуҷуд дошт. А-ҳои 14— 16 қисми зиёди халқҳои Югославия дар зери асорати Империяи Усмония монд (баъд аз шикаст хурдани сербҳо ва босниҳо дар майдони Косово с. 1389 ва ғ.); словенҳо ва хорватҳо тобеи Габсбургҳо шуданд. Дар а. 19 муборизаи миллии озодихоҳӣ ва зидди феодалии югославҳо авҷ гирифт.

С. 1833 бо ёрии Россия Сербия мухторияти дохилӣ ба даст овард. Баъд аз ҷангҳои Россияю Туркия с-ҳои 1877—78 Сербия ва Черногория пурра соҳиби истиқлолият шуданд, ки онро қарорҳои конгресси Берлин с. 1878 тасдиқ кард. Дар ох. а. 19— авв. а. 20 Партияи с. д.-и Югославия таъсис ёфт. Дар рафти ҷангҳои Балкан (с-ҳои 1912—13) халқҳои Югославия аз зери асорати туркҳо тамоман озод шуданд. Дар шароити вусъатёбии ҳаракати революционию озодихоҳии халқҳои Югославия, ки аз таъсири Рев. Октябрь дар Россия ба вуқуъ омада буд, инчунин дар натиҷаи пароканда гардидани Австрия-Венгрия 1 дек. 1918 Подшоҳии сербҳо, хорватҳо ва словенҳо (аз 1929 10.) таъсис ёфта, мавқеи асосиро дар таркиби давлат буржуазияи серб ишғол кард. Фаъолияти ПК Югославия (ПКЮ, таъсисаш 1919) с. 1920 манъ карда шуд. Янв. 1929 дар Ю. диктатураи ҳарбию мутлаққият барпо гашт. С. 1940 байни Ю. ва СССР алоқаи дипломатӣ муқаррар гардид. Марти 1941 ҳукумати Ю. мамлакатро ба Пакти берлинии с. 1940, ки давлатҳои фашистиро муттаҳид менамуд, ҳамроҳ кард, ки ин норизогии оммаи васеи Ю.-ро ба амал овард. Дар натиҷа 27 март ҳукумати тарафдори фашизм сарнагун карда шуд. 5 апр. 1941 байни СССР ва Ю. шартномаи дустӣ ва ҳуҷум накардан ба ҳамдигар баста шуд. 6 апр. 1941 қушунҳои Германияи фашистӣ ва Италия ба Ю. ҳуҷум карданд ва ҳудуди онро байни якчанд давлатҳо тақсим намуданд. ПКЮ ташкилотчӣ ва роҳбари ҷанги халқии озодихоҳии с-ҳои 1941—45 дар Ю. буд. Қисми мамлакат дар рафти ҳамкории қушунҳои советӣ ва Армияи халқии озодихоҳии Югославия с. 1944 озод карда шуд. То 15 май 1045 армии» Ю. хоки Ю.-.ро пурра аз фашистон озод кард. 7 марта 1945 дар заминаи Комитети милии озодкунии Ю. (КМ010) бо сардории котиби генералин КМ ПКЮ И. Броа Тито Ҳукумати муваққатии демократию федеративии Ю. ташкил шуд. 29 нояб. 1945 Скупщинаи муассисон мутлақиятро дар Ю. тамоман барҳам дода, декларацияро дар бораи таъсиси Республикаи Халқии Федеративии Ю. (РХФЮ) эълон кард. 31 янв. 1946 конституцияи РХФЮ тасдиқ шуд. 1 февр. 1946 ҳукумат бо сардории И. Броз Тито барпо гашт. Ҳамкории Ю. бо СССР ва мамлакатҳои демократияи халқӣ вусъат ёфт. Aммo С. 1948—49 алоқаи давлатии Ю. бо СССР ва диг. мамлакатҳои социалистӣ барҳам хурд. С-ҳои 1953—54 муносибатҳои Ю. бо СССР ва диг. мамлакатҳои социалистӣ хеле беҳтар гардид. Янв. 1953 конституцияи нав оид ба асосҳои сохти ҷамъиятию сиёсии РХФЮ ба ҳукми қонун даромад; И. Брот Тито президенти РХФЮ шуд. С. 1952 ПКЮ Иттофоқи Коммунистони Югославия (ИКЮ) номида шуд. Мувофиқи конституцияи с. 1963 мамлакат номи РСФЮ-ро гирифт. Февр. 1974 конституцияи нав қабул карда шуд, ки марҳилаи ҳозираи сохтмони социализмро дар Ю. дар асоси худидоракунӣ инъикос мекунад. Сиёсати берунии Ю. сиёсати ба блокҳо ҳамроҳ нашудан мебошад.

Дар солҳои ҳукумати халқӣ Ю. аз мамлакати қафомондаи аграрӣ ба мамлакати индустриявию аграрӣ мубаддал гардид. С. 1977 ба зиммаи саноат, сохтмон ва ҳунармандӣ 47,9%-и маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ, ба хоҷагиҳои қишлоқ, ва ҷангал бошад 16,6%-и он рост омад; сектори социалистӣ 84%, сектори хусусӣ 16%-и маҳсулотро истеҳсол карданд. Дар саноат, сохтмон ва корхонаҳои ҳунармандӣ с. 1971 (мувофиқи баруйхатгирӣ) 27%, дар хоҷагиҳои қишлоқу ҷангал ва моҳидорӣ тақр. 45% аҳолии қобили меҳнат банд буд. Дар саноат — мошинсозӣ ва коркарди металл (электротехника, мошинҳои нақлиётӣ, х. қ., мошинҳои кон, дастгоҳсозӣ) мавқеи асосӣ доранд. Корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳ ва ранга, маҳсулоти. нефт, цемент, ҷангал ва чубкорӣ низ мавҷуданд. Саноати бофандагӣ, чарму пойафзол ва хурокворӣ тараққӣ кардааст. С. 1984 дар Ю. 72,8 млрд кВт-с энергияи электр истеҳсол ва 11,4 млн т ангишти бур, 3,3 млн т боксит, 4,04 млн т нефт истихроҷ шуд. Инчунин маъдани оҳан, хром, мис, сурбу руҳ, сурма ва ғ. истихроҷ мекунанд. Дар х. қ. ҷои асосиро зироаткорӣ ишғол мекунад. Бештар ғалла (ҷамъоварии с. 1984—16,9 млн т), лаблабуи қанд, картошка, офтобпараст, канаб, тамоку кишт мекунанд. Боғу токдорӣ ривоҷ ёфтааст. Саршумори чорво (1984, ба ҳисоби млн cap): гов—5,4, хук —9,3, гусфанд — 7,5, асп —0,5, парранда —74. Тули р, о. 9389, аз ҷумла 3431 км-и он электриконида шудааст, роҳҳои автомобилгард 116 ҳаз. км (60,6 ҳаз. км-аш асфалтпуш). Д.-ҳои Дунай ва Сава киштигарданд. Бандарҳои асосӣ: Риека, Оплит, Шибепик. Ба хориҷа ашьёи хом,.металлҳои ранга, газвор, молҳои духта, пойафзол, озуқаворӣ, киштӣ, ҳаргуна мошин мефурушад. Туризми хориҷӣ инкишоф ёфтааст (8,3 млн наф. с. 1985). Воҳиди пул— динор.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …