Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЯРОСЛАВЛЬ

Вилояти ЯРОСЛАВЛЬ

yaroslavl_oblast_n

ЯРОСЛАВЛЬ, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 11 марта 1936 таъсис ёфтааст. Масоҳ. 36,4 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1446 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 80%. Вилоят 17 район, 10 шаҳр ва 22 птш дорад. Марказаш ш. Ярославль. Сатҳи вил. ҳамвор аст. Ҳарор. миёнаи янв. аз —10 то—1ГС, июль 17—18°С. Боришоти солона 500 —600 мм. Дарьёи асосӣ — Волга. Корхонаҳои саноати мошинсозӣ (истеҳсоли муҳаррикҳои автомобил, муҳаррикҳои электрӣ, таҷҳизоти полимерӣ ва полиграфӣ, мошинҳои роҳсозӣ ва ғ.), химия, коркарди нефт, саноати сабук, хурокворӣ, чубгарӣ, саноати истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дорад. Торф истихроҷ мекунанд. Дар д. Волга ГЭС-ҳои Рыбинск ва Углич сохта шудаанд. Асосан ҷавдор, гандум, нахуд, зироати хуроки чорво, зағер, картошка ва сабзавот мекоранд; ба боғдорӣ машғуланд; гов, хук, гусфаяд низ мепарваранд. Дар обанбори Рыбинск киштӣ мегардад. Вилоят бо ордени Ленин (1967) мукофотонида шудааст.

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …