Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯМОМӢ Абулфараҳ ибни Муҳаммад

ЯМОМӢ Абулфараҳ ибни Муҳаммад

ЯМОМӢ Абулфараҳ ибни Муҳаммад (с. тав. номаълум— ваф. 1047), файласуф ва табиби маъруфи форс-тоҷик; яке аз муосирони Абуалӣ ибни Сино. Я. дар ш. Басра таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо таҳсили илм кардааст. Ӯ илми тибро аз падараш Ямомӣ Абусаид омухтааст. Я. ба Аҳвоз омада бо Ибни Сино вомехурад ва якчанд вақт бо у ҳамкорӣ мекунад. Онҳо дойр ба масъалаҳои тибби назарию амалӣ бисьёр. саволу ҷавоб мекунанд, ки онҳоро Я. ба таври китоб гирд меоварад. Ин рисола дар байни табибон бо ном «Саволу ҷавоб»-и Абулфараҳ машҳур аст. Я. дар боби муолиҷаи бемориҳои ому хос низ китобе таълиф кардааст. Алҳол дар ду китоб дастрас нашудаанд.

Ад.: Султовов У.. Муосирони Абуалӣ Ибни Сино. Д., 1980.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …