Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЯДРОҲОИ СЕҲРОМЕЗ

ЯДРОҲОИ СЕҲРОМЕЗ

ЯДРОҲОИ СЕҲРОМЕЗ, ядроҳои атомиеро гуянд, ки адади протонад (Z) ё нейтронҳои таркиби онҳо (N) «сеҳромезанд»: Z = 2, 8, 20, 28, 50, 82 ва N – 2, 8, 20, 28, 50, 82, 126. Ин ададҳо аз он сабаб «сеҳромез» ном гирифтаанд, ки дар ҳамин қиматҳо қабатҳои протониву нейтронии ядро комилан пур мешаванд ва ядро хосиятҳои (нисбат ба ядроҳои ҳамсояи худ) ба куллӣ фарқкунанда мегирад. Назарияи ядрои атом мавҷудияти адади сеҳромези 184 ва ядро ду сеҳри адади протонҳояш 126 ва адади умумии нуклонҳояш 310-ро низ пешгуӣ мекунад.

Муоинаи Я. с. дар буньёди модели ҷилдии ядрои атом роли бағоят муҳим бозид, воситаи хуби дарки хусусиятҳои ҷилдҳои ядроӣ гардид ва дар офариниши моделҳои нав заминаи судбахшест.

С. Қодирӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …