Маълумоти охирин

ЯДИ БАЙЗО

ЯДИ БАЙЗО (ар. — даст ва —сафед), яке аз образҳои шеърӣ. Мувофиқи ривоятҳо Мусои пайғамбар барои исботи пайғамбарии хеш муъҷизаҳои зиёде нишон дода будааст. Яке аз муъҷизаҳояш ин буд, ки чун дасташро ба бағал мебурду берун меовард, нури сафеде аз дасташ меафтод ва ин муъҷиза бо номи Я. б. машҳур гардид. Шоирони форс-тоҷик дар ашъори худ ин воқеаро дар мавриди санъати тамсил истифода бурдаанд. Дар байти зерини Ҳофизи Шерозӣ ба ҳамин воқа ишора шудааст:

Тардоманон чу cap ба гиребон фуру баранд,

Сеҳр оваранду ман яди байзо бароварам.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …