Маълумоти охирин

ХУСРАВ

xusrav-va-shirin

ХУСРАВ-Хусрави Парвиз, яке аз персонажҳои «Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва достонҳои “Хусрав ва Ширин” («Фарҳод ва Ширин»). Прототипи ин образ подшоҳи сулолаи Сосониён Хусрави II Парвиз мебошад. Дар асарҳои фолклорӣ, адабиёти бадеӣ, махсусан, достони Низомии Ганҷавӣ образи Xусрав чун як намояндаи табақаи феодалон, ҳукмроне тасвир гардидааст, ки бо вуҷуди аз илму ҳунар бохабар буданаш, дар мамлакатдорӣ рою тадбири оқилонаро пеш нагирифта ба ишратпарастӣ, хулқу атвори зишт рўй меоварад. Дар роҳи ишқу вафо устувор нест. Фарҳод — намояндаи ҳунармандон ва заҳматкашон, ки аз ҷиҳати ахлоқ аз Xусрав бартарӣ дорад, дар набарди сухан вайро мулзам мекунад. Xусрав дар охири умр ба таъсири Ширин хулқу атвори ношоистаи худро тағйир дода, роҳи адолатро пеш гирифт, вале ба дасти фарзандаш — Шеруя кушта шуд.

Ад.: Алиев Г. Ю., Легенда о Хосрове и Ширин в литературах народов Востока. М., I960.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …