Маълумоти охирин

ХУШКА

ХУШКА 1) хушкӣ, як навъ хушкидани нуги дарахтонро гўянд. Xушка одатан ҷараёни патологист, ки ба касалии умумии дарахтон ё узвҳои ҷудогонаи ҳаётан муҳимми онҳо (мас., решаҳо) вобаста аст. Xушка дар натиҷаи аз ҳашарот осеб дидан, шароити номусоиди рушд (мас., норасоӣ ё аз ҳад зиёд будани намии замин), заҳролудӣ ва ғ. рўй медиҳад.

xushka

2) хушкӣ, параха, пароға, пироғда, пешдаргирон, як навъ ҳезуми хушкро гўянд, ки барои зуд даргиронидани ҳезуми тар истифода мебаранд. 3) тароша, чубтарош, пешранда, чўбмайдаҳои тунук аст, ки аз тарошидани чубе барояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …