Маълумоти охирин

ХУРЁК

ХУРЁК, хирёк, хуйрок, хуйёк, хижрок, (Allium seravsehani- cum), як навъ пиёзи худрўест, ки чун тарра истеъмол мекунанд; аз рӯи таснифоти ботаника гиёҳи пиёзбехи бисёрсолаест аз оилаи пиёзиҳо. Пиёзаш мудаввар (бараш 1,5 см), пояаш 20—65 см қад мекашад. Як ё дуто барг дорад. Баргаш нештармонанд (бараш 1—3 см) ё нештаршакли эллипсӣ (бараш то 4— 5,5 см). Хӯшагулаш мудаввар, сергул. Гулаш 6-барга, бунафши гулобитоб. Ғузааш мудаввар (бараш тақр. 4 мм). Моҳҳои июн —июл гул мекунад ва июл — авг. тухм мебандад.

xuryok

Xурёк фақат дар Осиёи Миёна (ҷан. ғарбии Помиру Олой) мерӯяд. Дар республикаи мо асосан дар қ-кӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисору Дарвоз, инчу­нин мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (1700—2200 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Одатан дар минтақаҳои ҷангалзори гармсер (шибляк) ва паҳнбарг, арчазор, нишебиҳои хокӣ ва регу шавалдор, сояи шаху дарахтон (фаркзор, чормағззор, настаранзор ва ғ.) месабзад.

Барги Хурёкро тару тоза ва хушконида исеъмол мекунанд. Ба мисли дигар навъҳои пиёзи худрӯй (сиёҳалаф, модел, камч, гуши бузак, пиёзи кӯҳӣ, сири кӯҳӣ ва ғ.) маъмул аст. Сабзаи онро давои мушаҳҳӣ ва

муқавии узвҳои ҳозима, баргашро сервитамин (махсусан  витамини С) меҳисобанд.

Ад.: Флора СССР, т. 4, Л., 1935; Флора Таджикской ССР, т. 2 М.—Л., IMS.

М. Ҳоҷиматов,

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …