ХУДОЙДОДЗОДА БОБОЮНУС (1870, деҳаи Косатароши ҳозира р- ни Совет —25. 5. 1945, деҳаи Чилчаи p-ни Совет), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Ў аз хурдӣ ба сурудхонӣ ва гўрўғлисароӣ шавқ пайдо карда, аввал аз тағоияш ва баъдтар аз гўяндагони машҳури балҷувонӣ Шукурмаст, Мирзои Хол,Нуралии Ҷириқ ва диг. ҳунари гўяндагиро омўхт. Сипас дар Самарқанд, Хуҷанд, Ўротеппа, Қўқанд мардикор буд. Дар з-дҳои пахта кор кард. Соли 1916 ўро ба мардикорӣ гирифта, ба Россия фиристоданд. Он ҷо ба аскарони болшевики рус шинос шуд. Шоҳиди Револютсияи Феврал гардид.Соли 1917 Xудойдодзода Бобоюнус дар з-ди пахтаи Тошкент Револютсияи Октябрро пешвоз гирифт.
С. 1919 ба диёраш баргашт. Xудойдодзода Бобоюнус – яке аз тарғиботчиёни сохти нав буд. Солҳои коллективонии хоҷагии қишлоқ яке аз аввалинҳо шуда ба колхоз даромад ва дигаронро ҳам барои ба колхоз даромадан ташвиқ кард. Иштирокчии сохтмони роҳи Сталинобод — Кўлоб буд ва бо шеъру достонҳо мардумро ба корнамоӣ даъват менамуд. Рўзи ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ шеъри «Ҷавоб ба душман»-ро навишт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шеъру достонҳо дар назди даъватшудагон ва меҳнаткашони акибгоҳ баромад кард.
Муаллифи маҷмуаҳои «Шеър ва достонҳо» (1941), «Баҳодурони майдони Ҷанги Ватанӣ» (1943), «Муҳаббати халқ» (1951), «Сурудҳои ҳофиз» (1967) мебошад. Ашъори Xудойдодзода Боюоюнўс дар равия ва анъанаҳои суруду достонҳои халқӣ эҷод шудаанд. Дар онҳо зулму истибдоди давраи амирӣ танқид шуда, бартариҳои ҳаёти социалистӣ тараннум гардидааст. Xудойдодзода Боюоюнўс гурўғлигўӣ машҳур буда, ба мисли Ҳакназар Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб, Мирзоали Ҳасанов, Карим Маҳмадов ва фарзандонаш шогирдҳо дорад. Бо унвони «Поэма» (1948) ва «Песни Бобоюнуса» (1950) ду китоби Xудойдодзода Боюоюнўс ба русӣ нашр шудааст.