Маълумоти охирин

ХУДО

allah

ХУДО, аллоҳ, илоҳ, холиқ, парвардигор, эзид, яздон, мавҷуди фавқуттабииеро гўянд, ки ба ақидаи аҳли дин гўё ҷаҳон ва ҷаҳониёнро офарида, низоми тамоми оламро дар даст доштааст. Xудо ҳамчун образи тахайюлӣ инкишофи тўлониро аз cap гузарондааст. Дар динҳои ибтидоӣ эътиқод ба образҳои асотирӣ ва дигар мавҷудоти гуногуни беҷон вуҷуд дошт. Таълимот дар бораи Xудо ҳамчун қувваи фавқуттабиӣ (Ниг. Теизм) ҳанўз дар динҳои пешазисломӣ ба назар мерасид. Oн бо номи яздон аслан ба халқҳои форсинажод тааллуқ дошта, дар оғоз чун ҳомӣ, сарвар ва нигаҳбон аз хавфу хатар истифода шудааст. Баъди нуфузи  ислом дар Шарқ мафҳуми Xудо ба ал­лоҳ ҳаммаъно ва ҳамоҳанг шуда, ҳамчун синоними он ба кор бурда шуд. Мувофиқи ривоятҳо пеш аз ислом дар Каъба худоҳо (санам, бутҳо)-и зиёде мавҷуд буданд, ки қабилаҳои араб онҳоро мепарастиданд. Бо мурури замон баробари парастиши худоҳои мазкур қабила ё гурўҳи қабила яке аз он худоҳоро ҳомии худ медонистанд, ки инкишофи баъдинаи он боиси ташаккули монотеизм гардид.

Дар ҷараёни ба вуҷуд омадани ди­ни нав дар байни арабҳо ғояҳои динҳои ташаккулёфтаи халқҳои ҳамсоя (дини яҳудӣ, масеҳият ва ҳатто дини дуалистии зардуштия) интишор ёфтанд. Дар ҳамин замина дар ибт. а. 7 дар байни арабҳо ис­лом ба вучҷуд омад, ки Худои он на фақат дорои хусусияти Худоҳои иуда­изм ва масеҳият, балки як қатор хусусиятҳои  Худоҳои  қабилавии арабҳои давраи ҷоҳилия, зардуштия, монавия, равоқия ва ғ. буд.

kalimai-tayibaРукни аввали ислом калимаи «шаҳодат» аст, ки он зотан худои яккаву ягонаро ба мусулмонон талқин мекунад. Мувофиқи ин назария ба ҷуз аллоҳ Худои дигаре вуҷуд надорад ва агар касе вуҷуди Худои дигарро эътироф кунад, гуноҳи азим содир карда, кофир дониста мешавад. Ислом Худои ягонаи масеҳиятро, ки дар фарди сегона (падархудо, писархудо ва рўҳи муқаддас) зоҳир шуда дар заминаи ақидаҳои фалсафии Юнони Қадим ба вуҷуд омадааст, рад мекунад. Ин таълимот босуботии исломро нисбат ба дигар динҳои монотеистӣ ифода мекунад

Мувофиқи таълимоти ислом Xудои яго­на (ал-воҳид), зинда (ал-ҳай), абадӣ, аввалу охир ва зоҳиру ботин мебошад. Адади ҳамин хел сифатҳои ў дар Қуръон    99-то сабт шудаанд.

Xудо аз рўи таълимоти маъмули ис­лом аз ҷиҳати зоту сифат бемислу монанд аст. Лекин вақте ки сухан аз муносибати Xудо ба олам ва одам меравад ва тамоми мавҷудоти оламро ба иродаи ў вобаста мекунанд, ба Xудои беҳтарин хусусиятҳои инсонӣ нисбат дода мешавад. Давоми мантиқии ҳамин баҳс минбаъд боиси пайдоиши равияҳои зиёде дар илоҳиёти ислом ва фалсафаи он гардид.

Масъалаи муносибати Xудо ба одамон шакли масъалаи озодии иродаро ба худ гирифт, ки Қуръон ба он ҷавоби як ранг намедиҳад. Дар ҳамин замина ду ҷараёни бонуфузи  қадария ва ҷабария ба вуҷуд омад.

Дар ислом Xудо на фақат мавзўи асосии эътиқод ва парастиш, бал­ки ҳамчун мафҳуми фалсафаи иде­алистӣ дониста мешуд. Назариётчиёни дин силсилаи далелҳои мавҷудияти Худоро (космологӣ, телеологӣ, онтологӣ, психологӣ ва ғ.) тадқиқ намуда, назарияи динӣ-идеалистии худро асоснок намуданд, ки дар ҳамин замина фалсафаи буржуа­зии муосир низ ақидаҳои иррасионалии худро инкишоф дода исто­дааст.

Ба муқобили  ақидаҳои динию иде­алистӣ дар бораи Xудо таълимоти пантеистии дорои тамоюли натурфалсафӣ, ки он ваҳдати худо ва табиатро эътироф мекард (ниг. Пантеизм), ба вуҷуд омада буд. Дар асрҳои миёна мутафаккирони Шарқ (аз ҷумла Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тўсӣ) таълимоти навафлотуниёнро дар ин масъала асоси назарияи худ қарор дода, дар асл мавҷудияти худоро эътироф карда бошанд ҳам, дар боби пайдоиши олам назарияи судурро  пазируфтанд ва дар асоси принсипи сабабият доираи  фаъолияти худоро маҳдуд сохтанд, ки ин амал оғози инкишофи афкори материалистии мутафаккирони Шарқ ба шумор меравад.

Тасаввуротро дар бораи Xудо ва шаклҳои мухталифи мавҷудияти он дар аҳди қадиму ҷадид атеистон ва маърифатпарварон, хусусан материалистони франсавии а. 18 ва Л. Фейер­бах сахт танқид карданд (Ниг. Ате­изм). Марксизм моҳияти шаклҳои нодурусти шуури ҷамъиятро нишон дода, аз байн рафтани шаклҳои мух­талифи тасаввуроти иррасионалӣ, аз ҷумла тасаввурот дар бораи Худоро бо барҳам додани антагонизми иҷтимоӣ ва сохтмони чамъияти бесинфи коммунистӣ алоқаманд мегардонад.                      М. Ҳазратқулов

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …