ХРОМОСОМАҲО (аз хромо… ва юн. soma — ҷинс, тан) ,—органоидҳои ядрои ҳуҷайраро гўянд, ки хосиятҳои ирсии ҳуҷайра ва органнзмҳоро муайян мекунад. Дар ҳуҷайраҳои танаи аксар набототу ҳайвонот ҳар як хромосома ҷуфт буда, якеаш аз падар ва диг. аз модар (ҳангоми бордоршавӣ) гирифта шудааст. Xромосомаҳо зоҳиран дар давраҳои гуногуни цикли ҳуҷайравӣ тағйир меёбанд. Сохти морфологии онҳо ба дараҷаи печутоб хурдан (спирализация) -ашон вобаста аст. Мас, агар дар интерфаза (ниг. Мейоз, Митоз) Xромосомаҳо то дараҷаи максималӣ кушода бошанд, баробари тақсимшавӣ спиралвор тоб хурда, кўтоҳ мешаванд; ин ҳолат дар метафаза ба дараҷаи максималӣ мерасад. Дарозии Хромосомаҳои одам дар метафаза ба ҳисоби миёна тақрибан 1,5—10 микрон аст.