ХОРИШАК, як навъ дарди пусти одаму ҳайвонро гуянд. Xоришак касалии сироятнок буда, барангезалдааш хоришканаҳо (Acarus scabiei) мебошанд. Хоришканаи модина ба зерпуст даромада тухм мегузорад. Канаҳо зуд меафзоянд (дар 3 моҳ то 150 млн канаи нав ба вуҷуд меояд). Одамр аз хоришканаҳо одатан дар натиҷаи бо беморон алоқаи наздик доштан, риоя накардани қоидаҳои гигиена ва ғ. сироят меёбад. Аз ҳайвоноти хонагӣ (саг, гурба, гов, асп) низ сироят ёфтан мумкпн аст.Xоришак солҳои охир кам шудааст. Усулҳои муолиҷаи Xоришак гуногун аст. Ба ҷои сироятёфта молидани марҳами Вилкинсон, марҳами 33-фоизаи сулфур, маҳлули 60-фоизаи тиосулфати натрий, кислотаи 6-фоизаи хлорид, маҳлулҳои креолин ва лизол ва ғ.
Пешгирӣ: риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ҷудо нигоҳ доштан ва муолиҷа кардани беморони гирифтори Xоришак, дезинфекцияи сару либос ва чизу чораи онҳо; мунтазам аз назар гузаронидани коллективҳои кудакон.
Оид ба Хоришаки ҳайвонот ниг. Г ар. Ад.: Аратюнов В. Я., Кожные и венерические болезни, М., 1972; Скрип-кин Ю. К.. Кожные и венерические болезни, М., 1979. Ч. Усмонова.