Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХОРИҚА

ХОРИҚА

ХОРИҚА (арабаӣ- аз одат берун, ғайриоддӣ), гуфтори ғайриоддӣ ва норавшанест, ки дурустӣ ё нодурустии онро муайян намудан мушкил аст. Xориқа одатан ба афкори умум, ақоиди маъмул ва ҳатто ба ақли солим мувофиқат намекунад. Дар мантиқ муҳокимаеро, ки тавассути он ду хулосаи якдигарро истиснокунанда бармеояд ва исботи ҳар дуи онҳо имконпазир аст, Xориқа ё антиномия гўянд. Чунин натиҷаҳо на росту на дуруғанд.

Дар вақташ мутафаккирони Юнони Қадим ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Тақрибан дар ох. а. 19 баъди ба вуҷуд омадани назарияи маҷмуъҳо олимон Хориқаро барои ҳалли масъалаҳои гуногуни математикӣ истифода мебурданд. С. 1895 Г. Кантор, пас аз ду сол Бурали-Форти новобаста аз якдигар Хориқаро кашф карданд.

Хориқаи дигаре, ки онро с. 1902—03 олими англис Б. Рассел ошкор намудааст ба маҷмуи ҳамаи маҷмўъҳое, ки унсури худ шуда наметавонад, вобаста аст. Математик ва мантиқшиноси машҳури муосир С. Клини таъкид намудааст, ки аз пайдоиши илми мантиқи математиқӣ зиёда аз ним аср гузашта бошад ҳам, то ҳол ягон ҳалли дурусти Хориқаро пайдо кардан мумкин нест. Лекин чунин ҳолат маънои ба инкишофи  илм танҳо таъсири манфӣ расондани Хориақаро надорад. Зеро Xориқа назарияҳоро гоҳо шубҳанок мегардонад ва дар инкишофу такмили назария, мантиқу математика нақши муайян дорад.    Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …