ХОЛБӮТА (1880, деҳаи Муҷум, ҳозира раёни Ғончӣ —1923), қӯрбошии дастаҳои босмачиён, кн дар ҳудуди Тоҷикистон ба муқобили Хокимияти Советӣ мубориза бурдааст. Xолбӯта то ғалабаи Револютсияи Октябрь, сардори дастаи роҳзанони Уротеппа буд. Баъди барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар раёнҳои шимоли Тоҷикистон бо фиреб ба органҳои маҳаллӣ роҳ ёфт ва чанд муддат комиссари заминдории уезди Уротеппа буд. С. 1919 барои амалиёти зидди советиаш Xолбӯта ҳабс шуд. Баъди озод шуданаш дар ноҳияҳои Уротеппа ва болооби Зарафшон дастаҳои босмачиёнро ташкил дод. Минбаъд ҳамроҳи қурбошии «бекии Мастчоҳ» Аҳрорхон дар раёнҳои Уротеппаю Хуҷанд ва Ҷиззаху Зомин ғоратгарӣ кард. 2. апр. 1923 отрядҳои Армияи Сурх «пойтахт»-и «бекии Мастчоҳ -деҳаи Оббурдонро аз босмачиён тоза карданд. Холбӯта бо босмачиёни боқимондаи худ ба Қаротегин гурехта ба дастаи Фузайл Махсум ҳамроҳ шуд. Баъди торумор гардидани дастаи Фузайл Махсум боз ба Уротеппа омад ва бо дасти яке аз йигитҳояш кушта шуд. Р. Абулҳаёв.