Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОККАНАК

ХОККАНАК

ХОККАНАК, хокканакҳо (Sori-Cidoe), як ҷинси ҷонварҳои мушмонанди ҳашаротхӯрро гӯянд. Пусташон махмалӣ, пойҳояшон кутоҳ, сарашон калон, фукашон хартумчашакл.

Xокканак ҳайвони ҳарчихӯранд, вале бештар ҳашарот ва кирминаҳоро мехӯранд. Xокканак дар хушкӣ (тано Neomys дар обу хушкӣ) зиндагӣ мекунанд.

Баъзе Xокканакҳо (Sorex) зараррасонҷои хоҷагии қишлоқу ҷангал – ҳашарот ва кирминаи онҳоро тамоми сол аз хок (зимистон аз таги барф) ёфта мехӯранд ва фоидаи калон меоваранд. Онҳо дар як шабонарӯз аз вазни худ 2-2,5 баробар зиёдтар хӯрок мехӯранд.

Дар Тоҷикистон 3 ҷинс (4 намуд) -и Xокканакҳо ҳаст. Xокканаки бухорӣ (Sorex bucharensis) дар хаданг, сафедор ва арчазор, инчунин дар санглохи соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунад. Чун ҷонвари нодир ба Китоби сурхи СССР ва РСС Тоҷикистон дохил кардаанд. Фақат дар Тоҷикистон вомехӯрад, Xокканаки думсафед (Crocidura pergri- sea) дар куҳи Ҳисор ва Помир (санглох, шахсор, сангтудаҳо ва ғ.) маскун шудааст. Хокканаки дандонсафед (С. suaveolens) дар туғайзору биёбон ва баландкуҳҳо зиндагӣ мекунад. Хокканаки кӯчак (Suncus etruscus), назар ба Хокканаки дигар хеле хурд аст, вазнаш 1,5- 2 г.

Адабиёт: Абдусалямов И. А., [ва диг.], Редкие  и исчезающие животные Таджикистана, Д„ 1976. Г. Давыдов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …