Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Оренбург

Вилояти Оренбург

Оренбург, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 7 декабри 1934 (аз соли 1938 то 1957 вилояти Чкалов) ташкил ёфтааст. Масоҳат 124 ҳазор километр2. Аҳолиаш 2069 ҳазор нафар (1979). 34 район, 10 шаҳр ва 25 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Орен­бург. Бо ду ордени Ленин (1956, 1968) мукофотонида шудааст.

Табиат. Территорияи Оренбург Назди Урали Ҷануби, канорҳои Урали Ҷанубӣ ва интиҳои ҷануби Паси Уралро дарбар гирифтааст. Релефаш асосан хам- вор. Сарватҳои зеризаминӣ: гази табиӣ, нефт, намак, варақсанг, маъдани металлҳои сиёҳ, ранга ва ғайра. Иқлимаш ниҳоят континентӣ ва хушк.

Зимистон хунук, бӯронҳои барфӣ ба амал меоянд. Тобистон гарм, зуд-зуд гармсер мевазад. Ҳарорати миёнаи январ— 14° Селсия—22° Селсия. Боришоти солона 450 миллиметр — 300 миллиметр. Давраи нашв 180 шаборӯз. Дарёҳои калон: Урал бо шохобҳои асосиаш — Сакмара (аз рост), Ор, Кумаки Калон ва Илак (аз чап), дар Шимоли Ғарб— шохобҳои Самара, Кама ва Белая (ҳавзаи Вол­га).

Заминаш асосан сиёҳхок ва дорчинии баланд, ҷо-ҷо шӯрзамин. Дар Оренбург рӯбоҳ, харгӯш, юрмон, суғур, мурғобӣ, қоз, лойхӯрак, дуғ-доғ ва ғайра ҳаст.

Аҳолӣ. Аҳолии асосии вилоят русҳоанд; тоторҳо, украинҳо, қазоқҳо, мордваҳо, бошқирдҳо, чувашҳо ва дигар низ зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр 16,6 кас. Шаҳрҳо: Оренбург, Орск, Новотроисн, Абдулино, Бузулук, Бугуруслав, Гай, Қувоядиқ, Медногорск, Сол-Илеск, Сорочинск.

Хоҷагӣ. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ дар Оренбург сарватҳои гуногуни зеризаминӣ кашф шуданд, ки дар асоси онҳо соҳаҳои нави саноат ба вуҷуд омаданд ва корхонаҳои калони саноатӣ сохта шуданд. Оренбург дар айни ҳол яке аз районҳои аз ҷиҳати са­ноат ва хоҷагии қишлоқ тараққикардаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия мебошад. Металлургияи сиёҳ ва ран­га, мошинсозӣ ва коркарди металл нисфи тамоми маҳсулоти саноатро медиҳанд.

Саноати нефту газ, хӯрокворӣ ва сабук низ равнақ ёфтааст. Корхонаҳои саноати металли сиёҳ бо маъдани оҳани маҳаллӣ ва кашондашаванда (комбинати металлургии Орск — Халилово дар Новотроиск) кор мекунанд, истихроҷи – маъдани мис (кони Гай) ва гудозиши он (Медногорск), саноати никелу ко­балт (комбинати «Южноуралникел» дар Орск ва заводи Буруктал), коркарди металлҳои ранга (Орск), истихроҷи тилло ва баъзе металлҳои нодир инкишоф ёфтаанд.

Саноати мошинсозӣ, ки металли маҳаллӣ ва металли дигар заводҳои Уралро истифода мекунад, корхонаҳои мошинсозӣ (заводи мошини Урали Ҷануби дар Орск, заводи мошинҳои вазнин дар Буаулук), маснуоти электротехники (заводи «Уралэлектромотори Медногорск), дастгоҳҳо, асбобсозӣ, гидропресс ва ғайра (Орен­бург), қисмҳои эҳтиётии трактор ва мошинҳои хоҷагии қишлоқ (заводи механикии ба номи Кирови Буаулук) ва ғайра дорад.

Саноати нефту гази вилоят аз нефту гази Назди Урал ва Паси Урал, Қазоқистони Ғарбӣ, Бошқирдистон ис­тифода мебарад. Охири солҳои 60 дар наэдикии Оренбург захираи бои гази табий кашф карда шуд. Дар асоси захираи нефту газ дар ви­лоят саноати химия (корхонаҳои нефту коксохимия, истеҳсоли кибрит, нурии азотӣ ва ғайра) тараққӣ кар­дааст.

Маснуоти резини техникӣ (Оренбург), масолеҳи гуногуни бинокори — қисмҳои яклухти оҳану бетон, семент, гаҷ, бӯр, асбест истеҳсол мешавад. Корхонаҳои саноати хурокворӣ ва сабук (заводу комбинатҳои орду ярма, гӯшт, консерви гӯштӣ, равғану панир, дузандагию трико­таж, шоҳибофӣ, чарму пойафзол, намаки ош) ривоҷу равнақ доранд. Дар хоҷагии қишлоқи Оренбург ғаллакорӣ ва чорводорӣ бартарӣ дорад. Вилоят 389 колхоз ва 196 совхоз дошт.

Аз зироати ғалладона гандуми баҳорӣ, ҷавдор, арзан ва аз зироати техникӣ картошка ва офтобпараст кишт мешавад. Дар Ҷануб тарбуз, харбуза мекоранд; боғдорӣ равнақ ёф­тааст. Парвариши чорвои гӯштдеҳ, ширу гӯштдеҳ, гӯсфанди пашму гӯштдеҳ соҳаи асосии чорводории Оренбург мебошад; инчунин хук, буз ва паррандаи гуногун парвариш меёбанд. Тӯли умумии роҳи оҳан 1,6 ҳазор километр. Роҳҳои асосӣ: Москва—Куйбышев— Оренбург — Ташкент; Челябинск — Карта л ы—Орск—Октябрей. Шабакаи нақлиёти трубопровод (нефтепроводи Эмба—Орск, Ишимбой—-Орск, як қисми газопроводи Бухоро—Урал ва ғайра) инкишоф ёфтааст.

Сохтмони маданӣ. Соли тақсили 1978—79 дар 1740 мактаби маълумоти умуми 315,5 ҳазор, дар 36 мактаби касбҳои техникӣ 17,4 ҳазор дар 45 мактаби миёнаи махсус 46,6 ҳазор талаба, дар 5 мактаби олӣ (институтҳои политехникӣ, тиббӣ, педагогӣ, хоҷагии қишлоқи Оренбург, Институти педагогии Орск) 22,2 ҳазор студент мехонд. Соли 1979 дар муассисахои томактабӣ 100,0 ҳазор кӯ­дак тарбия меёфт.

Соли 1979 дар Оренбург 1140 китобхонаи оммавӣ, 5 музей, 1625 клуб, 1932 дастгохи кинонамоишдихӣ, Қасри пио­нерон, 40 хонан пионерон, 3 стансияи тех- никҳои ҷавон, 1 стансияи табиатшиносони ҷавон, 10 мактаби спортии бачагон буд. Газетаҳои вилоятии «Южный Урал» (аз соли 1917) ва «Комсомольское племя» (1919) нашр мешаванд. Барнома ва намоишҳои радио ва Телевизиони марказӣ мунтазам шунавонида ва намоиш дода мешаванд. Соли 1979 дар Оренбург 247 муассисаи табобатии дорои 26,7 ҳазор кат 6051 нафар духтур кор мекард. 9 санатория, 8 хонаи истироҳатӣ буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …