Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Намангон

Вилояти Намангон

Намангон вилоятест дар ҳайати РСС Ӯзбекистон 18 декабри 1967 ташкил шудааст (аввал аз 6 марти 1941 то 25 январи 1960 вуҷуд дошт). Дар қисми шарқии республика ҷойгир аст. Масоҳаташ 7,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 1100 ҳазор нафар (1979). Ба 10 район тақсим шуда, 6 шаҳр ва 9 птш дорад. Мар- казаш —шаҳри Намангон. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1 феврали 1973).

Табиат. Намангон тсисми шимолии водии Фар­ғона, асосан соҳили рости Сирдарёро ишғол кардааст. Қисми зиёди вилоят ҳамлориест (баландиаш тақрибан 400—750 м), ки онро водии дарёҳо бурида мегузарад. Ин ҳамворӣ ба тарафи Шимолӣ баланд шуда (баландиҳояш то 1000—1200 м), дар Шимол ва Шимолу Ғарб ба қаторкӯҳҳои Қурама ва Чатқол мерасад. Тобистонаш гарми дароз, зимистонаш мулоими кӯтоҳ, боришот кам аст (100—200 мм дар ҳамворӣ ва доманаҳо то 600 мм дар кӯҳҳо). Дар ҳамворӣ ҳарорати миёнаи январ— 3,5°С., июл 25°С. Калонтарин дарё— Сирдарё аст, ки дар ҳудуди вилоят аз як шудани дарёҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд меояд. Ба Сирдарё аз нишебии кӯҳҳо дарёчаҳои Чортоқ, Чуст, Алмос, Чодак, Ғова, Косон, Намангон мерезанд, ки ҳамаи онҳо барои обёрӣ истифода мешаванд. Хокаш бештар хокистарранг аст: то баландиҳои 700—850 м хокистарранги кушод, аз баландии 850 то 1200—1500 м хокис­тарранги муқаррарӣ ва хокистарран­ги тира, боз ҳам баландтар — дорчинию сиёҳтоб. Дар ҳамворӣ ва адирҳо растаниҳои эфемерӣ, баландтар аз он шувоғ, шӯра ва марғзорҳо вомехӯранд. Дар кӯҳҳои Намангон дарахтони чормағз, олучаю себҳои худрӯй ва арчазорҳо мавҷуданд. Дар кӯҳҳои баланд марғзорҳои субалпӣ — минтақаи чарогоҳҳои тобистона воқеъанд. Аз олами ҳайвонот якчанд намуди хазанда ва хояндаҳо, аз паррандаҳо зоғy суфитурғай ҳастанд. Дар кӯҳҳо оху, гуроз, хирс, паланг, ҷайра, қапқалдоқ, аз паррандаҳо бургут, калхот, мурғи ҳилол, кабк ва ғайра мавҷуданд.

Аҳолӣ. Дар Намангон асосан ӯзбекоҳо то­ҷикон, русҳо, тоторҳо (3%), қирғизҳо, кореиҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ ба 1 км2 135 кас (1975). Аҳолии шаҳр 33,3%. Шаҳрҳо: Намангон, Чуст, Учқӯрғон, Ко- сонсой, Ҳаккулобод, Чортоқ.

Хоҷагӣ. Вилоят яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакории РСС Ӯзбекистон буда, пахтакорӣ соҳаи асосии хоҷагии он аст. Дар қатори ин боғдорӣ, чор- водорӣ ва ғайра тараққӣ карда истодааст. Дар саноат соҳаҳои пахтатозакунӣ ва хӯрокворӣ бештар мавқеъ доранд. Тилло, гач, оҳак, санги хоро, қум ва шағал истихроҷ карда мешавад. Саноати мошинсозӣ, металлкоркунӣ ва химия тараққӣ кар­да истодааст. Қисми асосии корхонаҳо дар Намангон буда, дар Чуст заводҳои пахтатозакунӣ ва чарм, фабрикаи маснуоти бадеӣ ва ғайра, дар Учқӯрғои заводҳои пахтатозакунӣ ва равған, дар Поп заводҳои «Ӯзбеккровля» ва пахтатозакунӣ, дар Чортоқ фабрикаи пахтаю дузандагӣ, дар Косонсой ва Уйчӣ фабрикаҳои шоҳибофӣ мавҷуданд. Зироат асосан обӣ аст. Дар солҳои ҳо- кимияти Советӣ каналҳои ирригатсионии Шимоли Фарғона, Чуст, ба номи Охунбобоев, Чортоқсой, обанбори Косонсой бунёд ёфта, ҷӯю каналҳои қадима, аз нав сохта шуданд. Тӯли роҳи оҳан 138 км (1975). Вилоятро роҳи оҳани Қӯқанд—Намангон—Учқурғон— Андиҷон бурида мегузарад. Аз истгоҳи Учқурғон як шохаи роҳи оҳан ба Тошқӯмур (Қирғизистон) меравад. Тӯли роҳи автомобил 1830 км. Бо роҳҳои Намангон—Тошкент, Наман­гон — Марғелон — Фарғона, Наман­гон— Андиҷон—Ош, Намангон—Қӯқанд—Самарқанд автобусҳои пассажиркаш равуо доранд. Аз болои ви­лоят роҳи ҳавоии Тошкент—Наман­гон—Андиҷон мегузарад. Намангон ба воситаи роҳи ҳавоӣ бо Душанбе, Фрувзе ва Самарқанд низ алоқа до­рад.

Маорифу маданият ва тандурустӣ. Соли 1975 дар 508 мактаби миёна 272 ҳазор талаба, дар 17 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 6510 хонанда, дар Инмтиту­ти давлатии педагогии Намангон зиёда аз 4,5 ҳазор студент таҳсил ме- кард. Дар муассисаҳои томактабии вилоят зиёда аз 32 ҳазор бача тарбия меёфт. Дар Намангон 425 китобхона, 226 ки­нотеатр ва киноустановкаҳо, 273 клуб, музеи таъриху кишваршиносӣ, Театри драмаи мусиқии Намангон кор мекунанд. Газетаҳои вилоятии «Намангон ҳақиқати» («Ҳақиқати Намангон») ба забони ӯзбекӣ ва «Наманганская правда» ба забони русӣ, чоп мешаванд. Солҳоиои 70 дар Намангон 97 муассисаи табобатӣ (бо 8,3 ҳазор кат), кор мекард. Курорти балнеологии Чортоқ, санатория ва хонаҳои истироҳати мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …