Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «УСУЛ-УТ-ТАРОКИБ-УЛ-АДВИЯ»

«УСУЛ-УТ-ТАРОКИБ-УЛ-АДВИЯ»

«УСУЛ-УТ-ТАРОКИБ-УЛ-АДВИЯ» асари Наҷибуддини Самарқандӣ доир ба тиб (тахминан солҳои 1210—20 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст). Асар аз 19 фасли мустақил иборат буда, асосаи доир ба усули тайёр намудани доруҳои мураккаб баҳс мекунад; муаллиф дар он ақида ва таҷрибаҳои шахсиашро оид ба доруҳои хока, қурс доруҳои дарунрон, қайовар ва ғайра, инчунин роҳҳои тайёр кардану истифодаи онҳоро баён кардааст. Нусхаи дастхати асар дар фонди дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон таҳти рақамҳои 227/Ш ва 7225 маҳфуз аст. Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …