УСТУРЛОБӢ Абулқосим Ҳусайн ибни Аҳмади Бағдодӣ (соли таваллуд номаълум—вафот 1156), машҳур ба Бадеи Устурлобӣ. Мунаҷҷим ва риёзидони асри 12. Асрори падидаҳои фалакӣ ва хусусиятҳои асбобу афзори мушоҳидавиро хуб медонист. Бо асбобҳои ихтироъкардааш ҷараёни нур ва миқдори онро андозагирӣ кардааст. Таҷрибаҳои гузаронидааш ба қонунҳои Уқлидус (Евклид) татбиқ шудаанд. Кураи «зот-ул-»курсӣ»-ро такмил додааст. Дар мамлакатҳои Ғарб асари ӯ доир ба асбобу афзори фалакӣ тарҷума шудааст.
Устурлобӣ асари манзуме бо номи «Дуррат-ут-тоҷ фӣ шеър-ибн-ил-Ҳаллоҷ» низ дорад.