Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСТАДОН

УСТАДОН

УСТАДОН, зарфест барои устухони майит, мухафафи устухондон. Уствдон гуногонщакл буда, аз сафол ё гач сохта мешуд ва аҷдоди тоҷикон дар замонҳои тоисломӣ устухони аз гӯшту пуст тозашудаи майитро дар он нигоҳ медошатанд. Устадон бори аввал дар Осиёи миёна соли 1871 аз Тошкент ёфт шуд. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ аз бошишгоҳҳои Суғд қисман аз Панҷакент) ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна устадонҳои бисёре ёфт шуданд, ки ба асрҳои 4 то мелод— асри 8 мелодӣ тааллуқ доранд. Одати дафни устадонӣ аз дини қабилаҳои эрониёни қадим баромада, дертар ба зардуштӣ роҳ ёфтааст. Мувофиқи асотири ин динҳо гӯё устухони инсонро Аҳурамаздо, гушту пӯсташро Аҳриман офарида бошанд. Барои ҳаром накардани се мабдаи муқаддас — оташ, хок ва об сӯзондан, гӯронидан ё ба об партофтани ҷасад мамнӯъ буд. Бинобар ин устухони майитро аз гӯшту пӯст тоза карда барои пос доштан нигоҳ медоштанд. Устухони ҷасадро дар давраҳову маҳалҳои мухталиф ба тарзҳои гуногун аз гӯшт тоза мекардаанд: ҷасадро дар ҷои хилват ё дахма мегузоштанд, то ҳайвоноти ваҳшӣ ё лошахӯрҳо гӯшту пӯсташро хӯранд. Баъзан хешу табор ё наздикони майит ҷасадро аз гӯшту пӯст тоза карда, баъд ба устадон мегузоштанд.
Устадон ёдгории барҷастаи маросими дафн ва сарчашмаи муҳимми омӯзиши ҳаёти маънавии гузаштагони халқи тоҷик аст.
Б. Я. Ставиский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …