Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСТАДОН

УСТАДОН

УСТАДОН, зарфест барои устухони майит, мухафафи устухондон. Уствдон гуногонщакл буда, аз сафол ё гач сохта мешуд ва ачдоди точикон дар замонхои тоисломи устухони аз гушту пуст тозашудаи майитро дар он нигох медошатанд. Устадон бори аввал дар Осиёи миёна соли 1871 аз Тошкент ёфт шуд. Дар натичаи хафриёти археологи аз бошишгоххои Сугд кисман аз Панчакент) ва дигар нохияхои Осиёи Миёна устадонхои бисёре ёфт шуданд, ки ба асрхои 4 то мелод— асри 8 мелоди тааллук доранд. Одати дафни устадони аз дини кабилахои эрониёни кадим баромада, дертар ба зардушти рох ёфтааст. Мувофики асотири ин динхо гуё устухони инсонро Ахурамаздо, гушту пусташро Ахриман офарида бошанд. Барои харом накардани се мабдаи мукаддас — оташ, хок ва об сузондан, гуронидан ё ба об партофтани часад мамнуъ буд. Бинобар ин устухони майитро аз гушту пуст тоза карда барои пос доштан нигох медоштанд. Устухони часадро дар даврахову махалхои мухталиф ба тарзхои гуногун аз гушт тоза мекардаанд: часадро дар чои хилват ё дахма мегузоштанд, то хайвоноти вахши ё лошахурхо гушту пусташро хуранд. Баъзан хешу табор ё наздикони майит часадро аз гушту пуст тоза карда, баъд ба устадон мегузоштанд.
Устадон ёдгории барчастаи маросими дафн ва сарчашмаи мухимми омузиши хаёти маънавии гузаштагони халки точик аст.
Б. Я. Ставиский.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.