Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ

УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ

УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ (таваллуд 6. 11. 1924, Махачқалъа, РАСС Доғистон), шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1971). Аз оилаи хизматчӣ. Факултети филологии Университи давлатии Москваро хатм кардааст (1950). Ходими илмӣ (1954—72), аз соли 1972 мудири сектори Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР. Тадқиқоти илмии Усмонов масъалаҳои таърихи адабиёти асрҳои 10—12-и форс-тоҷик, эҷодиёти Рӯдакӣ. Фирдавсӣ, Хайёмро дар бар мегирад. Дар монографияи ӯ «Услуби назми форс-тоҷик дар асрҳои IX—X» (1974) масъалаҳои муҳимми бадеиёт ва сабкл шеъри классикӣ бо усули тозаи илмӣ тадқиқ шудаанд. У ҷилдҳои 6— 7-и «Шоҳнома»-ро дар Москва (1967— 68) ва ҷилдҳои 1—2-и онро дар Теҳрон (1971—74) ба табъ расонд; дар таҳия ва нашри ҷилдҳои 2—4-и «Шоҳиома» (нашри Москва) иштирок кардааст. Усмонов дар назарияи матншиносӣ чандин мақола навиштааст. Усмонов дар боби тарҷумаи осори бадеии классикони форс-тоҷик ҳам хизмати намоён дорад; тарҷумаи таҳтуллафзии бисёр асарҳои манзум ба қалами ӯ тааллуқ дорад. «Синдбоднома», «Бахтиёрнома», «Марзбоннома», осори баргузидаи Аҳмади Дониш ва ғайраро ба забони русӣ гардондааст.
Р. Ҳодизова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …