УСЛУБ (арабӣ — тарз, равиш), хусусиятҳои умумии забон, асари адабиёти бадеӣ ё санъат, принсипҳои асосӣ, ки ягонагии муҳимтарин хусусиятҳои забон ва шакли бадеии асаре ва ё чандин асарро муайян
мекунанд. Ба ин маънӣ дар бораи адабиёти классикии форс-тоҷик истилоҳи сабк низ истифода мешавад.
I. Услуб дар адабиёт умумияти системаи образҳо, воситаҳои бадеӣ ва хусусиятҳои забони як асар, як нависанда, як гурӯҳ нависандагон ё як давра аст. Аз рӯи ин тавсиф доир ба Услуби асар ва жанрҳои алоҳида (масалан, Услуби романи рус дар асри 19, – романи «Ғуломон», романи «Палатаи кунҷакӣ» ва ғайра), Услуби фардии санъаткор (Услуби Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода) ва ғайра метавон сухан ронд. Услуб ҳамбастаи ҳаёти иҷтимоӣ, методи эҷодӣ ва ҷаҳонбинии санъаткор буда, ба туфайли ҷустуҷӯи пайгирона ва меҳнати ҷиддӣ тадриҷан ташаккул меёбад. Услуб хосияти фардӣ ва умумӣ дорад. Услуби фардӣ тарзи баён ва умумияти системаи образҳои адиби алоҳидаро фаро мегирад. Чунончи, Услуби Бедил сифатҳои хос дошта, муҳимтарин нишонаи он душворписандӣ мебошад. Услуби умумактаб ва ҷараёнҳои адабиро дар бар мегирад, ки намояндагони онҳо, сарфи назар аз симои фардӣ, аз рӯи аломатҳои умумии сабк ба ҳам монанданд. Дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик Услубҳои умумие инкишоф ёфтаанд, ки бо номи сабки хуросонӣ, сабки ироқӣ, сабки ҳиндӣ ва сабки бозгашт машҳуранд. Дар насри реалистии тоҷик (давраи ҳозираи инкишофи он) хусусиятҳои ду ҷараёни услубӣ равшан намоён аст: реализми сирф ва ҷараёни романтики. Услуб ҳам мундариҷа, ҳам ғояи асари алоҳидаи нависанда ё тамоми эҷодиёти ӯ, ҳам ҷамъи унсурҳои шахсл — забон, жанр, композисия, вазн ва ғайраро фаро мегирад. Дар байни ҳамаи ин унсурҳо забон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Услуб ҳодисаи таърихан тағйирпазир аст.
II. Услуб дар забон, 1) як шохаи забон аст, ки воситаҳои баён дар он дар ҳар шароит вобаста ба мақсади мубодилаи афкор ба тарзи махсус интихоб ва истифода мешаванд. Шохаҳои забони адабин тоҷик (Услубҳои илми, бадеӣ, публисистӣ ва расмии коргузорӣ) дар асоси ҳамин қоида сурат гирифтаанд; 2) як тарзи истифодаи маҷмӯи воситаҳои забонист, ки хоси адибе, асаре ва жанре аст: Услуби Айнӣ, Услуби Лоҳутӣ, Услуби М. Турсунзода, Услуби «Одина», Услуби назм ва ғайра; 3) интихоби воситаҳои забонӣ, ки хусусияти муаосири (экспрессивӣ) ва ҳаяҷонангезӣ (амосионалӣ) доранд: Услубҳои мутантан, мутоибавӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра; 4) танзими нутқ дар асоси қоида ва нормаҳои забани адабӣ; вобаста ба ин истилоҳҳои зайл маъмуланд: Услубҳои содда, мураккаб, сунъӣ, вайрон ва ғайра. Хусусиятҳои услубии забон дар нутқ ё матн зоҳир мешаванд.
Услуб назар ба забон тезтар тағйир меёбад, зеро қоидаҳои он оо талаби омилҳои иҷтимоӣ дигар мешаванд. Хусусиятҳои услубӣ дар дохили қоидаҳои маъмули забон ба амал меоянд. Ташаккул ва сайқали адабии Услуб дар заминаи миллӣ ба мавқеи Услуби мӯътадил вобаста аст.
Адабиёт: Нигаред ба мақолаи Услубшиносӣ.
М. Шукуров, Р. Ғаффоров.