Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УНСӢ Сайид Қутбуддин

УНСӢ Сайид Қутбуддин

УНСӢ Сайид Қутбуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1517), шоири форс-тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ маълумот медиҳад. У соҳиби достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва қасоиду ғазалиёт будааст. Аз достонаш хабаре нест, вале қасоиду ғазалиёти ӯ дар ҷунгу баёзҳо ва тазкираҳо бисёр дучор меоянд. Унсурӣ бо Ҷомӣ ва Навоӣ ошноӣ дошта, дар бораи онҳо боэҳтиром сухан кардааст:
Хуш он ки паҳлуи қам чун баргқои наргис,
Ҷамъе нишаста бошанд, Ҷомӣ дар он миёна.
С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …