Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ МЕҲНАТКАШОНИ ШАРҚ

УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ МЕҲНАТКАШОНИ ШАРҚ

УНИВЕРСИТЕТИ КОММУНИСТИИ МЕҲНАТКАШОНИ ШАРҚ (УКМШ), мактаби олии партиявӣ, ки бо декрети КИМ-и РСФСР 21 апрели 1921 дар Москва, дар назди Комиссариати маорифи халқи РСФСР барои тайёр кардани коркунони республика ва вилоятҳои Шарқи Советӣ ташкил ёфта, сонитар ба ихтиёри Комитети Марказии ВКП (б) гузашт; 21 октябри 1921 дар заминаи Курсҳои шарқшиносии назди Коммисоариати халқии миллатҳо ба кор сар кард. Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ дар Тошкент, Боку, Иркутск шӯъба ва гурӯҳҳои тайёрӣ дошт. Программаи Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ фанҳои маълумоти умумӣ, таърихи партия, фалсафа ва иқтисоди . сиёсни марксистӣ, назарияи сосиалиами илмӣ, назарияи ҳуқуқ ва давлат, назарияю амалияи сохтмони партиявӣ ва советиро фаро мегирифт. Дар Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ кори таълиму тарбия ба забонҳои миллии Шарқи Советӣ ва Шарқи хориҷӣ ба роҳ монда шуда буд. Соли 1521 дар Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ тақрибан 50 нафар, соли 1923-юм 215 намояндагони Осиёи Миёна савияи маълумоти умумӣ, сиёсӣ ва партиявии худро баланд бардоштанд. Дар шуъбаи дар Тошкент будаи Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ, ки соли 1922 ба кор сар кард, соли якуми таҳсил 170 нафар коркунони партиявию советӣ, аз ҷумла 30 нафар занон ва 120 нафар коркунони ҳарбӣ, соли 1923 тақрибан 500 нафар шунавандагон таҳсил менамуданд. Солҳои 1927—38 Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ «Революсионный Восток» («Шарқи революционӣ») -ро нашр мекард. Охири солҳои 30 Университети коммунистии меҳнаткашони шарқ ба муносибати таъсиси як қатор мактабҳои оли дар республикаҳои Осиёи Миёна, Сибир, Кавкази Шимолӣ фаъолияти худро қатъ кард. И. Келдиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …