УМЕДИИ ТЕҲРОНӢ Арҷосп (1457—1522, ба қатл расидааст), шоири форс-тоҷик. Дар овони ҷавонӣ ба Шероз рафта, шогирди Ҷалолуддини Давонӣ шуд. Умедии Теҳронӣ дар муддати кӯтоҳ тамоми илмҳои расмии замонашро омӯхта, ба якчанд шаҳрҳои Эрону Хуросон сафар кардааст.
Девони ашъораш тақрибан 1500 байт (18 қасида, 24 қитьа, 22 рубоӣ, 3 ғазал ва 1 соқинома)-ро дар бар мегирад. С. Алиев.
Tags шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …